Пайвандҳои дастрасӣ

Вакили мудофеи созмони "Ампаро" даъвои мақомоти Вазорати адлия барои бастани ин созмонро "фармоишӣ" донист.

Додгоҳи шаҳри Хуҷанд рӯзи сешанбе, 23-юми октябр, ба баррасии даъвои Вазорати адлияи Тоҷикистон аз болои созмони ҳуқуқшиносони ҷавон - "Ампаро" оғоз кард. Дар ин рӯз додраси парванда назари ду намояндаи "Ампаро" ва мавқеи масъулони Вазорати адлияро пурсид.

Қурбоналӣ Бобоев, сармутахассиси вазорати адлия, дар мурофиаи додгоҳӣ гуфт, созмони "Ампаро" дар панҷ маврид қонунҳои кишварро дар бораи созмонҳои ҷамъиятӣ ва ҳамчунин бандҳои Оинномаи фаъолияташро нақз кардааст. Ба қавли ӯ, созмони "Ампаро" суроғаи ҳуқуқии худро тағйир дода, аммо мақомоти Вазорати адлияро огоҳ нанамудааст. "Илова бар ин, ин созмон аз минтақаи фаъолияти худ берун рафта, бо мактабхонҳо бидуни иҷозатнома мулоқот доир кардаанд. Саҳифаи интернетӣ фаъол карда, дар бораи фаъолияти "Ампаро" мақолаҳо нашр намудаанд",-гуфт ӯ.

Аммо вакили мудофеъ Ҷунайд Ибодов, ки аз созмони ҳуқуқшиносони ҷавон -- “Ампаро” дар додгоҳи Хуҷанд намояндагӣ мекард, даъвои мақомоти Вазорати адлия барои бастани ин созмонро "фармоишӣ" донист. Ӯ гуфт, "асоси фармоиш ба ақидаи ман, ба фаъолияти пурҷӯшу хурӯши созмони “Ампаро” вобаста аст. Махсусан, ба фаҳмондани ҳуқуқ ва уҳдадориҳои даъватшавандагон ба хидмати ҳарбӣ. Ин ба бархе аз мақомот хуш наомадааст."

Ҷунайд Ибодов мегӯяд, созмони ҳуқуқшиносони ҷавон -- "Ампаро" барои озодона ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо дигар созмонҳо аз гӯшаву канори Тоҷикистон ва сӯҳбат бо мактабхонҳо барои фаҳмондани уҳдадориву ҳуқуқу вазифаҳои онҳо барои адои хидмати ҳарбӣ ва тарғиби барномаҳову фаъолияташ дар шабакаи ҷаҳонӣ ҳақ дорад.

Ин мурофиаи додгоҳиро бархе аз ҳуқуқдонҳову журналистон низ назорат мекарданд ва мунтазири хулосаи додрас буданд. Вале Сафар Қурбонов, раисикунандаи баррасии парвандаи "Ампаро", муовини раиси додгоҳи Хуҷанд, эълон кард, ки мурофиа рӯзи чоршанбеи 24-уми октябр идома хоҳад ёфт.

Созмони ҳуқуқшиносони ҷавон, мавсум ба "Ампаро", солҳои охир дар масъалаи дифоъ аз ҳуқуқи даъватшавандагон ба хидмати ҳарбӣ фаъол аст. Ин созмон ҳатто чандин бор назарпурсӣ ва таҳқиқотро дар бораи "облава" ва ё иҷборан ба сафи артиш бурдани ҷавонон анҷом дода буд. "Ампаро" ҳамчунин аз ҷумлаи он созмонҳоест, ки хидмати алтернативӣ дар Тоҷикистонро пешниҳод дорад.

Хонандаи азиз, моро дар шабакаҳои Facebook, Twitter ва Youtube низ ҳамроҳӣ кунед!

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG