Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Э.Раҳмон ба Финланд, кишвари "ношинос"-и тоҷикон рафт


Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон

Раисиҷумҳури Тоҷикистон, ба Финланд, кишваре, ки зоҳиран ба тоҷикистониён чандон ошно нест, сафар кардааст.

Мақомоти давлатӣ мегӯянд, қарор аст, дар ҷараёни сафари серӯзаи Эмомалӣ Раҳмон ба Финланд созишномаи нагирифтани андози дубора ва кӯмак барои дарёфти андоздиҳандагони ниҳоншуда ба имзо расад.

Бархе аз коршиносон мегӯянд, чунин сафарҳо аз як расмият беш нестанд ва барои Тоҷикистон манфиати зиёд намеоранд. Онҳо илова мекунанд, ки дар таъйини масирҳои сафари расмии раҳбари кишвар барномаҳои бузургҳаҷм ба назар намерасанд.

Дар 3-4 соли охир президенти Тоҷикистон ба кишварҳое, мисли Хорватия, Бразилия, Маҷористон, Люксербург, Тайиланд, Дания, Литва, Эстония, Яман, Сенегал, Булғористон ва ғайра сафар дошт. Аммо ин сафарҳо дар сиёсати хориҷии кишвар ҷойгоҳи муҳим касб накарданд ва кам иттифоқ афтодааст, ки онҳо ба сатҳи ҳамкорӣ бо ин мамолик таъсири зиёд гузошта бошанд.

Аммо сафари Финланд, то куҷо муассир хоҳад буд? Ниёз Мирзоев, устоди бахши муносибатҳои байналмилалӣ дар Донишгоҳи милиии Тоҷикистон, мегӯяд, новобаста аз он ки ҳамкориҳои Финланд бо Тоҷикистон дар кадом сатҳ аст, ин сафарҳо барои нуфузи Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ муҳиманд. Ҷаноби Мирзоев афзуд, ин метавонад барои боз кардани даричае ба Аврупо роҳе бошад: "Ин сафарҳо агар ҳоло ҳам, ки натиҷа наоранд, аммо дар солҳои баъдӣ ҳатман натиҷаи мусбат хоҳанд дошт. Ин, албатта, барои ҷалби сармояи хориҷӣ муфид аст. Мо набояд сиёсати изолятсионӣ дошта бошем, таҷрибаи кишварҳои ҷаҳонӣ баёнгари он аст, ки мо бояд ҳарчӣ бештар дарҳои худро боз намоем ва бештар бо кишварҳои ҳам Аврупо ва ҳам Амрикои Лотин рафтуомад дошта бошем."

Аммо Сайидумар Ҳусайнӣ, вакили парлумон ва муовини раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, мегӯяд, ин сафарҳо дар сиёсати хориҷии кишвар рамзӣ ҳастанд. Дар ҳоле ки ба гуфтаи ҷаноби Ҳусайнӣ аз кишварҳое, ҳам ки бо Тоҷикистон робитаи зич доранд, манфиат камтар аст, чӣ расад ба кишварҳои дигар. "Ин танҳо як равобити байналмилалӣ аст дар сиёсати хориҷии кишвар, ки масалан кишвар бо ин қадар давлатҳо ҳамкорӣ дорад. Вагарна аз кишварҳои дигаре, ки як умр шарики стратегӣ ҳастанд аз онҳо чӣ фоида ҳаст, баръакс шояд аз онҳо зарар ҳам бошад. Вале ба ҳар сурат ин кишвардорӣ аст",-мегӯяд ӯ.

Зоҳиран ба қавли коршиносон бо нигоҳ доштани робитаҳои мавҷуда ва анҷоми сафару мулоқот бо чунин кишварҳо Тоҷикистон барои худ дар оянда пуштибонҳое пайдо мекунад. Имкон дорад, пас аз ин сафари расмӣ Финланд сафоратхонаи худро дар Тоҷикистон боз кунад. Дар ҳоли ҳозир сафорати Олмон аз манфиатҳои Финланд дар Тоҷикистон намояндагӣ мекунад.

Бино ба иттилои масъулони Вазорати рушди иқтисод ва савдо табодули коло миёни Тоҷикистону Финланд дар 9 моҳи соли ҷорӣ 764 ҳазор доларро ташкил додааст, ки бештари он воридоти мол аз Финланд ба Тоҷикистон будааст.

Хонандаи азиз, моро дар шабакаҳои Facebook, Twitter ва Youtube низ ҳамроҳӣ кунед!
XS
SM
MD
LG