Пайвандҳои дастрасӣ

Соҳибкорӣ дар Тоҷикистон: Як қадам ба пеш, ё қафо?


Муаррифии гузориши нави Бонки ҷаҳонӣ дар Душанбе. 23-юми октябри соли 2012

Муаррифии гузориши нави Бонки ҷаҳонӣ дар Душанбе. 23-юми октябри соли 2012

Иқтисоддонҳои тоҷик гузориши нави БҶ дар бораи беҳтар шудани фазои соҳибкорӣ дар Тоҷикистонро ғайривоқеӣ донистанд.

Чанде аз соҳибкорони саршиноси Тоҷикистон арзёбии фазои кор дар Тоҷикистонро, ки Бонки ҷаҳонӣ ва Бунгоҳи молии байналмилалӣ хеле беҳтар аз соли гузашта номидаанд, сатҳӣ хонданд ва дар ҳамоиши муаррифии ин пажӯҳиш аз мушкилоти умдаи худ сӯҳбат карданд.

Бино бар гузориши нави Бонки ҷаҳонӣ ва Бунгоҳи молии байналмилалӣ, шароити соҳибкорӣ дар Тоҷикистон ба андозае беҳтар шудааст, ки онро дар байни 185 кишвар ва қаламравҳо шаш зина болотар бурд. Аммо соҳибкорон мегӯянд, ҳаракат баръакс ба самти пасрафт аст. Онҳо аз ҷумла норӯшаниҳои марбут ба тағйири Қонуни андозро яке аз чархишҳои муҳим мешуморанд.

Констатин Бондаренко, роҳбари Маркази бозори озоди Тоҷикистон, гуфт, қонуни нав бе назардошти манфиатҳои соҳибкорон қабул шуда, дар ҳоле ки мебоист, кори онҳоро осонтар мекард, дар асл мушкилоти нав ба бор овард. "Ислоҳоти Кодекси нави андозро наметавон ба гунаи осон кардани андозбандӣ шарҳ дод, зеро он баръакс мушкили соҳибкоронро афзун кардааст",-мегӯяд Бандаренко.

Константин Бондаренко

Константин Бондаренко

Ҳамзамон ҷаноби Бондаренко ҳадс зад, ки чун ҳамеша фазои соҳибкорӣ дар Тоҷикистон дар муқоиса бо Узбакистону Туркманистон арзёбӣ шудааст. Дар гузориши солонаи Бонки ҷаҳонӣ ва Бунгоҳи молии байналмилалӣ Тоҷикистон ҷойи 141-умро гирифтааст. Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи Кристофер Миллер, раҳбари Бунгоҳи молии байналмилалӣ соли гузашта ин кишвар дар ҷои 147-ум буд.

Ҷаноби Миллер ба 6 зина боло рафтани Тоҷикистонро ба беҳтар шудани низоми ҳимояти ҳуқуқи сармоягузорон ва сабуктар гардидани муқаррарот барои оғози тиҷорат нисбат дод. Аммо ба таъкиди ӯ, ҳашт нишондоде, ки то ҳол рушд накардаанд, Тоҷикистонро ҳамоно ба қафо мебарад: "Ба ин нишондод аз ҷумла сиёсати қарздиҳӣ, дастрасӣ ба нерӯи барқ, андозбандӣ, иҷозат барои сохтмон ва тиҷорати байналмилалӣ дохил мешаванд. Чунин гузоришҳо барои он муҳиманд, то ҳукумати Тоҷикистон бидонад ба кадом самтҳо бояд авлавият бидиҳад."

Дар ҳамин ҳол, Матлуба Улҷабоева, раиси Анҷумани соҳибкорони хурду миёнаи Тоҷикистон, дурустии нишондодҳоро дар гузориши ахири Бонки ҷаҳонӣ ва Бунгоҳи байналималии молӣ, зери суол мебарад ва ба воқеияти он шубҳа дорад: "Нишондодҳо дар ин гузориш нисбӣ оварда шудаанд. Бубинед, барои чӣ ширкатҳои мо сармояи худро ба хориҷи кишвар интиқол медиҳанд. Пас, маълум мешавад, ки фазои соҳибкорӣ дар кишвар солим нест. Бале, фарз кардем, қонунҳои хеле хуб қабул мешаванд, вале агар механизми хуби кор ба роҳ монда нашавад, ин қонунҳо ягон нақше нахоҳанд бозид."

Ҳоҷимуҳаммад Умаров

Ҳоҷимуҳаммад Умаров

Аксари иқтисоддонҳои тоҷик бар инанд, ки чунин таҳлилҳо ғолибан дар заминаи назари як доираи хурди гурӯҳи манфиатдор омода мешавад, дар ҳоле ки мебоист андешаҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва афроди алоҳида низ шунида шавад. Ҳоҷимуҳаммад Умаров, мегӯяд, таҳлили ахир, ки фазои соҳибкориро бозтоб медиҳад, бояд бо иловаи нишондод дар мавриди фасод такмил мешуд: "Агар дар ин феҳрист омили фасодро ба назар бигирем, мо намедонем, Тоҷикистон воқеан дар кадом зина қарор хоҳад дошт. Яке аз омилҳое,ки фасодро ба миён меорад, ҳолати "рейдерист". Баъзе қувваҳои тавоное ҳастанд, ки корхонаҳои шахсоне, ки дар соҳибкорӣ муваффақанд кашида мегиранд. Дар ин роҳ онҳо аз усулҳои гуногун истифода мебаранд ё он корхонаҳоро оташ мезананд ё кори дигар мекунанд. Хулоса, дар атрофи ин корхонаҳо шароите месозанд, ки соҳибкор дар ниҳояти кор дигар дар бизнеси худ муваффақ шудан наметавонад."

Ҳамзамон ба таъкиди иқтисоддонҳои тоҷик, дар ҳоле ки дар гузориши солонаи Бонки ҷаҳонӣ ва Бунгоҳи молии байналмилалӣ нишондоди ҳимояти ҳуқуқи сармоягузоронро дар кишвар баланд арзёбӣ шудааст, тавваҷӯҳи сармоягузорон ба иқтисоди Тоҷикистон зиёд нест. Вале аксарият аз 6 зина боло рафтани кишварро дар ҷадвали ҷаҳонӣ як ташвиқе медонанд, ки шояд ба беҳбуди воқеӣ дар кишвар роҳ боз кунад. Зимнан, пажӯҳиши Бонки ҷаҳонӣ ва Бунгоҳи молии байнулмилалӣ бори даҳум аст, ки нашр мешавад ва Тоҷикистон ба он танҳо чанд сол пеш шомил гашт.

Хонандаи азиз, моро дар шабакаҳои Facebook, Twitter ва Youtube низ ҳамроҳӣ кунед!

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG