Пайвандҳои дастрасӣ

Аз ид то ид: Ҷашнҳои пурдабдабаи ҳокимони Осиёи Марказӣ


Раисиҷумҳури Тоҷикистон дар ҷашни Наврӯзи 2011

Раисиҷумҳури Тоҷикистон дар ҷашни Наврӯзи 2011

Баргузории маъракаҳои пуршукӯҳ бо ҷалби издиҳомҳои бузург дар Осиёи Марказӣ ба сурати анъана даромадааст.

Ҳокимони худкомаи минтақаи Осиёи Марказӣ гӯиё ҳатто як сабқати ғоибона доранд, ки оё ба ин ё он муносибат кадоми онҳо ҷашни мӯҳташамтар барпо мекунад. Ҷашнҳое, ки бо вуҷуди сарфи маблағҳои ҳангуфт ҳамагӣ як рӯз умр доранд ва алакай рӯзе баъд кам касе дар ёд мегирад, ки дирӯз кишвараш чӣ ид дошт. Аммо ин ҷашнҳои пурдабдаба оё аз нозунузи ҳокимони минтақа об мехӯрад ё аз хӯю хулқи ба истилоҳ “шарқиёна”-е, ки ба мо нисбат медиҳанд?

“Чорачӣ” – касби нав дар Туркманистон

Ҳаёти давлатӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ гӯиё аз ин ид то иди дигар даврабандӣ шудааст. Туркманистон, барои мисол, дар моҳи сентябр 49 ҷашну маъракаи расмӣ барпо кард ва дар моҳи октябр, ки солгарди истиқлол ҳам дорад, шумори чунин чорабиниҳояш ба 70 мерасад. Ин ҳама, тибқи маъмул, бо ҷалби иҷбории артиши бузурги толибилмону кормандони давлатӣ, ки либоси миллии туркманӣ дар тану “мусаллаҳ” бо парчаму парчамчаҳо ва ҳатман бо чеҳраҳои пурханда бояд хушбахтиву саодати мардум аз зиндагӣ зери султаи раиси ин ҷумҳурӣ Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадовро намоиш диҳанд.

Ба навиштаи торнамои “Фергананюс”, дар Туркманистон ин ҷашнҳои давлатиро “чора” меноманд ва ба он тоифае, ки маҷбуран аз ин ҷашн ба он ҷашн бурда мешаванд ва ширкат дар “чора” барояшон гӯиё касбу кор шудааст, шӯхиомез “чорачӣ” лақаб додаанд. Фақат инки барои соатҳо истодан дар зери офтоби сӯзону дастафшонӣ ба сӯи аҳли минбар касе ба онҳо пул намедиҳад.

Талқини хушбахтии дурӯғин

Даниил Кислов, сардабири “Фергананюс” мегӯяд, чунин таҷрубаи ҷашнҳои пуршукӯҳ хоси тақрибан ҳамаи режимҳои худкомаи минтақа шудааст: “Ин ҳама бояд дар зеҳнҳо як хаёли хушбахтии дурӯғинро эҷод кунад. Вале ин танҳо як хаёли ботил аст. Аз сӯи дигар, мансабдорон ба шахси аввал, сарфи назар аз онки Элбошист, Арқадаг ё Ҷаноби олӣ, гӯиё нишон медиҳанд, ки мардум таҳти раҳбарии хирадмандонаи ӯ чунон розиву хушбахт аст, ки ба шарафи раҳбар мерақсад. Ин ҳама дар пасманзари фасоду дуздии саросарӣ. Зимнан як бахши аъзами пулҳои ҳангуфте, ки барои ин ҷашнҳо ҷудо мешаванд, низ ба кисаи ин мансабдорон меравад.”

Тоҷигул Бермедова, ҳомии ҳуқуқи башари туркман мегӯяд, маъмулан аз чунин шеваи ҷашнҳои пурдабдаба ҳукуматҳое кор мегиранд, ки дар таъмини як зиндагии шарафмандона барои мардуми худ ҳеҷ дастоварди дигар надоранд ва артиши бузурги мардумро аз ҳисоби худи онҳо ба майдонҳо мекашонанд, то ҳеҷ не, як тасвири зоҳирии пешрафти кишварро ба намоиш дароранд.

Даниил Кислов

Даниил Кислов

Хонум Бермедова мегӯяд, “онҳо мехоҳанд мардумро бо чизе машғул бидоранд, ки дар бораи мушкилоти зиндагиаш фикр накунад. Сониян, аз қадим омадааст, мардум бояд нону тамошо дошта бошанд. Ҳоло чизе ки мо бо ин ҷашнҳо хеле зиёд дорем, ҳамин тамошост. Чунин ҷашнҳо дар даврони Шӯравӣ хеле зиёд буд ва ҳокимони мо ин усули қадими давлатдориро ба хотири ба худ хубтар ром кардани мардум ҳифз карданд. Аммо ин натиҷаи ноозодии ҷомеа аст. Дар ҷомеаи озод кӣ метавонад табибро маҷбур кунад, ки хилъати сафед дар бар кӯчаҳоро ба пешвози раҳбар бирӯбад ва сипас бо ҳамон сару тан ба ҷарроҳиаш идома диҳад? Ин як ҳарза аст.”

“Маршировка”, ё навъи ғуломии муосир

Аз байни кишварҳои Осиёи Марказӣ шояд танҳо Қирғизистон ва он ҳам баъд аз ду “инқилоби рангаӣ” аз ин анъанаи иҷбори мардум ба ширкат дар ҷашнҳои пурдабдаба даст кашид. Аммо дар Туркманистон ва Узбакистону Тоҷикистон баргузории ҷашнҳо ба як ҷузъи муҳими сиёсати давлатҳо табдил ёфта, ба як ҳадди ифрот расидааст. Нуқтаи авҷи ҷашнҳо дар Тоҷикистон 20-солагии истиқлолаш дар соли 2011 буд, ки бино ба оморҳо, бо шумули иншооти ҷашнӣ ба сари дастикам 4 миллиард сомонӣ “об рехт”.

Ҳазорон нафар ва асосан донишҷӯён ҳар рӯз зери офтоб, дар тӯли чанд моҳи тобистон дар Душанбеву марказҳои музофотӣ ҷашни истиқлолро машқ мекарданд. Хабарнигори тоҷик Ганҷина Ганҷова бо ёдоварӣ аз овони донишҷӯияш мегӯяд, донишҷӯён, аз ҷумла духтароне, ки қаду қомати зебо доранд, нафақат барои тайёрӣ ба идҳое, чун Наврӯзу Истиқлол ё Рӯзи ваҳдат, балки ба маросими пешвозу гусели сарони кишварҳои хориҷӣ низ ҷалб шуда, барои моҳҳо аз таҳсил қафо мемонанд. Ин ҳама танҳо дар баҳои як имтиёз - ваъдаи кумак дар супурдани имтиҳонҳо.

Ганҷина Ганҷова

Ганҷина Ганҷова

Ганҷина Ганҷова мегӯяд: “Вақте нишасти сарони Шанхай шуд, ҳамсабақони мо 3 моҳи тобистон дар “маршировка” буданд. Ба онҳо 400 сомонӣ ҳам ваъда карда буданд, вале ҳеҷ кадомаш як тин ҳам нагирифт. Ҳарчанд пули роҳкирову хӯрок аз ҳисоби худи онҳо буд ин ҳама муддат. Имрӯз ҳам чунин аст ва ба донишҷӯён дар тӯли “маршировка” ба ғайри об чизи дигаре намедиҳанд. Имрӯз мехезанду замони Шӯравиро танқид мекунанд, ки донишҷӯёнро ба пахтачинӣ мебурданд. Пахтачинӣ аз “маршировка” беҳтар буд, ба назари ман, чунки донишҷӯ ҳадди ақал пули пахтаи чидаашро мегирифт.”

Иде ки ба сари 4 миллиард сомонӣ “об рехт”

Ҳар ҷашну ид дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, ҳамин тавр, ҳамроҳ бо лентабурӣ ва ифтитоҳи иншооти ҷашнист ва 20-солагии истиқлоли Тоҷикистон низ аз ин миён истисно набуд. Бархе мегӯянд, хуб аст, ки ҳадди ақал, бо баҳонаи ҷашнҳо чизе месозанд. Вале ба бовари гурӯҳи дигар, Тоҷикистони фақиру дастнигари кумакҳои беруна бояд корхонаҳои тавлидотие бисозад, ки мардумро бо ҷои кор таъмин кунад, на инки имрӯз, барои мисол, бо сарфи миллионҳо доллар аз баландтарин милаи парчами дунё бинозад.

Ганҷина Ганҷова мегӯяд: “Бубинед, мо дар асри 21 зиндагӣ дорем, вале агар як аврупоӣ биояду бубинад, ки мо дар Тоҷикистон на газ дорему на барқ, шояд дар ҳайрат монад. Ин қадар пуле, ки дар ин “маршировка”-ҳову ин маъракаҳо сарф мешавад, ё барои сохтани ин милаи бузурги парчам рафт, аз ин дида, мо ин маблағро ҷамъ мекардем агар, шояд ягон нирӯгоҳ сохта метавонистем. Аз ҳисоби буҷаи давлат аст, мегӯянд. Буҷаи давлат аз ҳисоби кист? Аз ҳисоби мо - мардуме, ки кор мекунему андоз месупорем ба давлат.”

Ба гуфтаи як мусоҳиби мо, мисли қонуни танзими расму оин, ки мардумро аз харҷи зиёд дар тӯю мотамаш манъ мекунад, шояд барои Тоҷикистон як қонуни дигари танзим ҳам зарур бошад, ки шумораи рӯзҳои “сурх” дар тақвими идҳояшро кам ва дасти мақомоташ аз сарфи беҳудаи пули давлат дар ин ҷашнҳои паиҳамро кӯтоҳ кунад.

Хонандаи азиз, моро дар шабакаҳои Facebook, Twitter ва Youtube низ ҳамроҳӣ кунед!

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG