Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Теъдоди қурбониёни задухӯрд дар Ҳирот дақиқ нест


Мусаллаҳони Толибон аз камингоҳ ба корвони мошинҳои нерӯҳои ҳукумати Афғонистон ҳамла карданд.

Сухангӯи волии Ҳирот гуфт, ки ин ҳамлаи ғофилгирона дар минтақаи Обӣ ба вуқӯъ пайваст ва дар он шаш тан аз корманди полису амниятӣ ва се мусаллаҳи Толибон кушта шуданд. Гуфта мешавад, ки миёни кушташудагон – фармондеҳони амниятии волусолиҳои Обӣ ва Чешт ва фармондеҳи Толибон дар Чешт низ ҳастанд.

Дар ҳамин ҳол мансабдорони волусволии Обӣ мегӯянд, ки дар ин задухӯрд аз нерӯҳои ҳукуматӣ даҳ нафар - панҷ корманди полису панҷ корманди амниятӣ ба ҳалокат расидаанд.

Задухӯрди ахир – шадидтарин дар ғарби Афғонистон дар моҳҳои ахир аст.
XS
SM
MD
LG