Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Панҷикидзе: Тифлис эътидоли равобит бо Маскавро мехоҳад


Бинои нави парлумони Гурҷистон дар Кутаиси

Бинои нави парлумони Гурҷистон дар Кутаиси

Майя Панҷикидзе, ки ба мақоми вазири умури хориҷии Гурҷистон пешбарӣ шудааст, эътидоли равобит бо Русияро аз авлавиятҳои сиёсати хориҷии кишвар номид.

Зимни суханронӣ дар яке аз кумитаҳои парлумон, ӯ ҳамзамон гуфт, то он замоне, ки Русия истиқлоли Осетияи Ҷанубӣ ва Абхозистонро эътироф мекунад, бурунрафт аз бӯҳрон дар равобити миёни Маскаву Тифлис тақрибан номумкин аст. Хонум Панҷикидзе афзуд, мавқеъи Тифлис дар мавриди ин ду минтақаи ҷудоихоҳ бетағйир боқӣ хоҳад монд.

Майя Панҷикидзе вакил аз “Рӯъёи гурҷӣ”, эътилофи пирӯз дар интихоботи парлумонии рӯзи 1 октябр аст. Қарор аст, ки рӯзҳои наздик парлумон ҳукумати нави Гурҷистонро дар садри раҳбари “Рӯъёи гурҷӣ” Бидзина Иванишвилӣ тасдиқ кунад.
XS
SM
MD
LG