Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз гаравгонгирӣ дар театри Дубровка 10 сол гузашт


Имрӯз аз ҳамлаи террористӣ дар театри Дубровкаи Маскав даҳ сол сипарӣ мешавад – 23 октябри соли 2002, ҳангоми намоиши мюзикли “Норд-Ост” беш аз 900 нафар гаравгон гирифта шуданд.

26 октябр нерӯҳои вокуниши сареъи Хадамоти федеролии амнияти Русия амалиёти озод кардани театрро шурӯъ карданд, ки дар он ҳама террористҳо ва ҳамчунин 130 нафари гаравгонҳо, аз ҷумла, даҳ кӯдак, ба ҳалокат расиданд.

Созмонҳои ҷамъиятӣ ва ҳомиёни ҳуқуқи башар борҳо мақомоти Русия ва раисиҷумҳури вақт Владимир Путинро барои он интиқод карданд, ки нерӯҳо ба амалиёт омодагиии ҷиддӣ нагирифта буданд ва бештари гаравгонҳо баъд аз амалиёт, бар асари заҳролудшавӣ аз гази номаълум, ҷон бохтанд.Маскав дар бораи аз кадом газ истифода карданаш то ҳол иттилоъ надодааст.
XS
SM
MD
LG