Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 10 полису низомӣ дар задухӯрде дар Ҳирот


Дар як задухӯрд бо толибон дар вилояти Ҳироти Афғонистон 10 корманди полис ва низомиён кушта шуданд. Бар пояи хабарҳо, миёни қурбониён - раиси полиси яке аз ноҳияҳои вилоят низ ҳаст.

Дар задухӯрд се тан аз толибон, ба шумули фармондеҳи гурӯҳе, ки бо нерӯҳои ҳукуматӣ вориди даргирӣ шудааст, низ ба ҳалокат расидаанд.

Задухӯрди ахир – шадидтарин дар ғарби Афғонистон дар моҳҳои ахир аст.
XS
SM
MD
LG