Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Башор Асад "террористон"-ро афв намекунад


Башор Асад ва Ахзар Иброҳимӣ
Башор Асад ва Ахзар Иброҳимӣ
Башор Асад, раисиҷумҳури Сурия, дар бори афви умумӣ амр содир кард. Ба иттилои телевизиони давлатии Сурия, афроди маҳкум ба ҷиноёти гуногун, ба ҷуз, аз муттаҳамон дар терроризм, маҳбасро тарк хоҳанд кард. Дар Димишқ мухолифини мусаллаҳро, ки бо ҳукумати Башор Асад, меҷанганд, терорист мехонанд.

Эрве Ладсу, муовини Дабири кулли СММ, дирӯз хабар дод, ки дар сурати соиши ҳосили мусолиҳа миёни ҷонибҳои даргир дар Сурия фиристодани нерӯҳои посдори сулҳ ба ин кишварро байид намедонад. Ахзар Иброҳимӣ, фиристодаи вижаи СММ ва Ҷомеъаи кишварҳои араб, чанд рӯз боз талош дорад, ки мақомоти Сурия ва мухолифини мусаллаҳро барои оташбас дар рӯзҳои Ид ал-Адҳо ё Иди Қурбон розӣ кунад. Иди Қурбон дар кишварҳои мусалмон рӯзи ҷумъа шурӯъ мешавад ва се рӯз идома мекунад.
XS
SM
MD
LG