Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мусовии мунтахаби Тоҷикистон бо Фаластин


Дастаи мунтахаби футболи занонаи Тоҷикистон.

Дастаи мунтахаби футболи занонаи Тоҷикистон.

Дастаи мунтахаби футболи занонаи Тоҷикистон бозии охиринашро дар даври аввали интихобии мусобиқаи қаҳрамонии Осиё (U-19) дар Урдун бо тими Фаластин бо ҳисоби 2:2 анҷом дод.

Дар бозии охирин бо фаластиниҳо ду голи мунтахаби Тоҷикистонро ҳамлагарон Мадина Фозилова (дақиқаи 50-ум) ва Маҳваш Солиева (65) ба ҳадаф расонданд. Ду голи фаластниниҳоро капитани даста Надин Овда (дақиқаҳои 58-ум ва 90+5) зад.

Футболбоззанони тоҷик барои аввалин бор дар мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё, ки дар пойтахти Урдун – шаҳри Уммон баргузор шуд, ширкат карданд.

Ёдовар мешавем, дастаи мунтахаби Тоҷикистон (сармураббиаш Сулаймон Бобокалонов) дар сабқати гурӯҳи “В” баъди бохт дар бозии аввал ба тими Эрон бо ҳисоби бузурги 2:12, дар бозии дувум аз дастаи мизбон – Урдун бо ҳисоби 0:3 шикаст хӯрда буд.

Ҳамин тариқ, мунтахаби Тоҷикистон бо 1 имтиёз дар гурӯҳи “В” дар ҷойи севум қарор гирифт ва аз ҳаққи ширкат дар даври дувуми мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё маҳрум гашт.

Ду дастаи беҳтарини гурӯҳ - Урдун ва Эрон ба даври дувуми интихобӣ, ки аз 1-ум то 9-уми декабри соли равон дар Вйетнам баргузор мешавад, роҳхат гирифтанд. Дар бозии охирин дастаи мизбон - Урдун бар тими Эрон бо ҳисоби 3:2 пирӯз шуд ва бо 9 имтиёз дар гурӯҳи “В” мақоми аввалро касб кард. Мунтахаби Эрон дувум шуд.

Мусобиқаи қаҳрамонии Осиё миёни занон (U-19)
Сабқати интихобӣ. Гурӯҳи «В».

Даври 1-ум
Эрон – Тоҷикистон – 12:2
Урдун – Фаластин – 8:0

Даври 2-юм
Тоҷикистон – Урдун – 0-3
Фаластин - Эрон – 0-8

Даври 3-юм
Тоҷикистон – Фаластин – 2-2
Урдун – Эрон – 3-2

Мавқеи дастаҳо дар гурӯҳи “В”

Ҷ Дастаҳо Б Ғ М Б Т И
1. Урдун 3 3 0 0 14-2 9
2. Эрон 3 2 0 1 22-5 6
3. Тоҷикистон 3 0 1 2 4-17 1
4. Фаластин 3 0 1 2 2-18 1

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG