Пайвандҳои дастрасӣ

"Созиши Душанбеву Маскав ба равобити мо таъсире намерасонад"


Сафири нави Амрико Сюзан Эллиот зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе. 23-юми октябри соли 2012

Сафири нави Амрико Сюзан Эллиот зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе. 23-юми октябри соли 2012

Сафири Амрико гуфт, созиши ахири Душанбеву Маскав ба равобити Амрико бо Тоҷикистон таъсири манфӣ нахоҳад дошт.

Сюзан Эллиот, сафири нави Амрико, рӯзи сешанбе (23-юми октябр) дар нахустин нишасти матбуотии худ зимни ишора ба тамдиди пойгоҳи низомии 201-и Русия дар Тоҷикистон гуфт, Маскав ва Вошингтон дар минтақа ҳадафҳои муштарак доранд ва онро пайгирӣ менамоянд. Хонум Эллиот дар ин замина ба ҳузури тӯлонии низомии Русия дар Тоҷикистон аз замони Шӯравии собиқ ишора кард.

Хонум Эллиот бо таваҷҷуҳ ба поёни мӯҳлати созишнома миёни Қирғизистон ва Амрико дар заминаи пойгоҳи низоми "Манас", ки қарор аст соли 2014 ба поён бирасад, гуфт, музокирот барои тамдиди ин санад идома дорад. Аммо бо ин ҳам сафири нави Амрико дар Тоҷикистон гуфт, онҳо ҳеҷ гуна нияти ҷойгузин кардани "Манас" бо Тоҷикистонро надоранд.

Ин дар ҳолест, ки аз ин қабл гурӯҳи конгрессменҳои амрикоӣ эълон карда буданд, Тоҷикистон метавонад "Манас"-ро иваз кунад. Вале Сюзан Эллиот ҳамкориҳо дар бахши амният, ба хусус кӯмак ба сохторҳои қудратии Тоҷикистон, таҳкими марз ва мубориза бо маводи мухаддирро аз самтҳои авфзалиятноки ҳамкории Иёлоти Муттаҳида бо Тоҷикистон арзёбӣ кард. Вай гуфт, дар ин ҷода талош хоҳад кард, то субот дар марзҳо ва ҳамин тавр минтақа таъмин гардад.


Чанд рӯз пеш аз ин, Сюзан Эллиот, сафири Амрико ва раиси Оҷонси зидди маводи мухаддири Тоҷикистон -- Рустам Назаров қарордодеро имзо карданд, ки бар асоси он Амрико ба Тоҷикистон барои таҳкими марзу ислоҳоти ниҳодҳои интизомӣ, беҳбуди низоми додгоҳӣ ва мубориза бо қочоқи инсону маводи мухаддир 9,5 миллион доллар кӯмак мерасонад.

Ҳамчунин сафири нави Иёлоти Муттаҳида рушди иқтисодии Тоҷикистон ва, ҳамин тавр, ҳамгироии кишварҳои Осиёи Марказиро барои суботи минтақа ва ба хусус Афғонистон як амри зарурӣ донист. Дар ин росто вай таъкид кард, ҳукумати кишвараш барои иҷрои тарҳҳое, назири КАСА-1000 ва интиқоли лӯлаи газ аз Туркманистон ба Ҳинд аз тариқи Тоҷикистон ва Афғонистон кӯмак хоҳад кард. Зеро ба гуфтаи Сюзан Эллиот, ҳадафи кишвараш ҳамкорӣ ба хотири рушд дар "Шоҳроҳи Абрешим" аст ва ин омили густариши тиҷорат дар минтақа хоҳад шуд.

Сафири ИМА дар робита ба Афғонистон ва хуруҷи нерӯҳои НАТО аз Афғонистон гуфт, кишвараш дар ҳамкорӣ бо нерӯҳои Эътилофи байналмилалӣ талош дорад, то худи афғонҳо таъмини суботи кишварашонро бар дӯш бигиранд. Ӯ дар посух ба суоли хабарнигорон, ки оё Амрико дар робита ба хуруҷи нерӯҳои НАТО дар соли 2014 аз Афғонистон чӣ иқдоме барои роҳандозии нуқтаҳои транзитӣ дар кишварҳои Осиёи Миёна рӯи даст хоҳад гирифт, гуфт, ин гуна нуқта ҳоло дар Тоҷикистон фаъол аст ва кӯмакҳоеро ба нерӯҳои НАТО дар Афғонистон интиқол медиҳад. Ҳамзамон хонум Эллиот гуфт, дар мулоқоти генерал Уилям Фрейзер, фармондеҳи нерӯҳои ҳамлу нақли артиши Амрико бо мақомоти тоҷик низ ба ин мавзӯъ ишора шудааст.

Сюзан Эллиот бо ишора ба равобит бо Тоҷикистон таъкид кард, ки ҳуқуқи башар, густариши ҷомеаи маданӣ, озодии баён, мусоидат дар рушди маорифу фарҳанг аз дигар самтҳоест, ки вай дар муддати сафириаш дар Тоҷикистон ба он таваҷҷӯҳ хоҳад кард. Равобити Иёлоти Муттаҳида бо Тоҷикистон дар соли 1992 оғоз шуда ва маҷмӯи кӯмакҳои Амрико ба Тоҷикистон дар муддати 20 соли ахир ба ҳудуди 1 миллиард доллар расидааст.

Хонандаи азиз, моро дар шабакаҳои Facebook, Twitter ва Youtube низ ҳамроҳӣ кунед!

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG