Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

БҶ: "Соҳибкорӣ дар Тоҷикистон осонтар шудааст"


Нишасти занони соҳибкори тоҷик. Акс аз бойгонӣ

Нишасти занони соҳибкори тоҷик. Акс аз бойгонӣ

Бонки Ҷаҳонӣ якҷо бо Бунгоҳи Молии Байналмиллалӣ, гузориши солонаи худро дар бораи “Машғулият бо соҳибкорӣ-2013” ба нашр расонд.

Гузориш вазъи соҳибкорӣ дар 185 кишварро дар бар мегирад ва он ба бархӯрди одилонаву солим ба фаъолиятҳои соҳибкорӣ ихтисос дорад. Тоҷикистон дар ин гузориш миёни 185 кишвар зинаи 141-умро ишғол кардааст.

Дар гузориш омадааст, дар давоми даҳсолаи ахир дар ин кишварҳо тақрибан 2000 ислоҳот анҷом гирифтааст ва ин ислоҳот ба беҳбуди вазъи соҳибкорӣ дар ҷаҳон кӯмак кардааст.

Аз соли 2005 ба ин сӯ Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ бо фароҳам овардани муҳити беҳтари соҳибкорӣ ва тиҷорат аз Осиёи Шарқӣ пеш гузаштаанд ва ҳоло дар ин замина дар ҷаҳон дар сафи пеш қарор доранд.

Дар мавриди Тоҷикистон дар ин гузориш гуфта мешавад, ки ин кишвар низоми ҳимояти ҳуқуқии сармоягузоронро беҳтар кардааст ва агар қарордодҳои ғаразнок имзо шавад, дар он сурат тартиби шикоят бурдан бар зидди раҳбарони ширкатҳо соддатар шудааст. Русия тартиби гирифтани иҷоза барои сохтмонро соддатар кардааст, Узбакистон низоми пардохти андозро таҳким бахшидааст ва Украина боз кардани ширкатҳоро осонтар кардааст.

Валентина Салтан-яке аз муаллифони гузориш ҳангоми муаррифии он дар Вошингтон гуфт: “Соли ҷорӣ аксари кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёси Марказӣ ба таври фаъол ислоҳот анҷом доданд. 88 дарсади кишварҳои ин минтақа аз 10 бахше, ки дар ин гузориш пешбинӣ шуда буд, ҳадди аққал дар як бахш ислоҳот гузарондаанд”.

Тибқи гузориш, Тоҷикистон барои оғоз кардани фаъолияти соҳибкорӣ муқарраротро сабуктар кардааст ва соҳибкорон табқи қонун метавонанд сармояи аввалияи худро дар давоми як соли баъд аз оғози фаъолияти соҳибкорӣ пардохт кунанд. Аз онҳо боз кардани ҳисоби бонкӣ тақозо намешавад.

Аммо соҳибкорони тоҷик барои харидориии моликияти манқул бо қарзи бонкҳо ба мушкил рӯ ба рӯ шудаанд. Аз моҳи январи соли 2011 бонкҳо барои харидории чунин моликият дигар қарз намедиҳанд.

Дар миёни кишварҳои Шӯравии пешин Гурҷистон мавриди ситоиш қарор гирифтааст. Ин кишвар нисбат ба дигар кишварҳо барои соҳибкорон фазову муҳити фаъолиятро мусоид сохтааст ва дар ин замина қонунҳои зарурӣ ба тасвиб расондааст.

Хонандаи азиз, моро дар шабакаҳои Facebook, Twitter ва Youtube низ ҳамроҳӣ кунед!

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG