Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Украина умедвори гази арзони Русия аст


Рӯзи душанбе Виктор Янукович-раиси ҷумҳури Украина изҳори умед кард, ки кишвараш бо нархи одилона аз Русия газ хоҳад гирифт. Нархи воридоти гази Русия мушкили аслӣ дар муносиботи ин ду кишвари ҳамсоя ба шумор меравад.

Вай ин нуктаро баъд аз мулоқоташ бо Владимир Путин-раиси ҷумҳури Русия дар Маскав изҳор дошт.

Соли 2009 Украина ва Русия барои 10 сол бо ҳам қарордод имзо карданд ва тибқи он дар ин муддат Украина барои ҳар 1000 метри муккааб гази Русия 420 доллар пардохт мекунад.

Дар аввалҳои моҳи ҷорӣ Микола Азаров-нахуствазири Украина гуфт, ки имкон дорад нархи гази Русия ба таври қобили мулоҳиза поин равад. Дар сурати пайвастани Украина ба Иттиҳоди Гурукии кишварҳои мустақили ҳамсуд нархи газ мумкин аст 60 дарсад поин ояд.
XS
SM
MD
LG