Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Итминони дабири кулли НАТО ба тавони нирӯҳои афғон


Андерс Фоғ Расмуссен
Андерс Фоғ Расмуссен
Дабири кулли НАТО Андерс Фоғ Расмуссен ба Радиои Афғонистони Озод гуфт, ӯ мутмаин аст, ки нирӯҳои афғон то поёни соли 2014 “тавони комил”-и назорати амнияти кишварро ба даст хоҳанд овард. Расмуссен гуфт, алакай 80 дарсади амалиёти амниятӣ дар Афғонистонро нирӯҳои афғон раҳбарӣ мекунанд. Раҳбари НАТО ҳамчунин аз Покистони ҳамсоя даъват кард, амалиёти зидди чирикиҳоро дар манотиқи марзӣ афзоиш диҳад. Расмуссен ҳамчунин изҳори “хоҳиши хеле зиёд” кард, ки баъди хуруҷи нирӯҳои эътилоф дар соли 2014 идораи беҳтари умур дар Афғонистон рӯи кор биояд.
XS
SM
MD
LG