Пайвандҳои дастрасӣ

Қонуни интихобот. Ду тараф – ду ақида


Вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон Сӯҳроб Шарифов ҳангоми шарҳи мавзеъгирии худ.

Вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон Сӯҳроб Шарифов ҳангоми шарҳи мавзеъгирии худ.

Бунёдгузорони «Кумитаи тадорукоти ислоҳоти Қонуни интихоботи президенти Тоҷикистон» мегӯянд, тарафдорони онҳо то рафт бештар мешаванд.

Кумитаи ташаббускорони тағйиру ислоҳи қонуни интихобобт дар ҳоле созмон ёфт, ки раиси Ҳизби умумимиллии сотсиал-демократи Тоҷикистон Раҳматулло Зоиров чандест, мегӯяд, агар қонуни интихоботи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон тағйир наёбад, ҳеҷ гуна интихоботи озод, одилона ва шаффоф баргузор нахоҳад шуд. Кумита ва тарафдорони он мегӯянд, ҳадди аққал 30 моддаи ин қонун ба ислоҳ ниёз дорад. Аз ҷумла хоста мешавад, ки ҷамъоварии имзо барои ҳизбҳои сиёсӣ бекор шуда, кумиссюнҳои интихоботӣ аз ҳисоби намояндагони ҳамаи аҳзоб таъсис шаванд, шумориши оро ва ҷамъбасти натиҷаҳо зери назорат бошад.

Бар пояи қонуни ҷорӣ, довталабоне сабти ном хоҳанд шуд, ки ба ҷонибдории худ имзои 5 дар сади мардуми соҳиби ҳаққи раъй, яъне зери 200 000 имзо ҷамъ оранд. Ҳоло кумиссюнҳои интихоботӣ аз тарафи ҳокимиятҳои маҳаллӣ таъсис меёбанд ва дар шумориши оро ашхоси боэътимоди номзадҳо ва нозирон ширкат намекунанд.

Вале онҳое, ки ин пешниҳодҳоро қабул надоранд, мегӯянд, қонуни интихоботи президенти Тоҷикистонрот ба ислоҳоти зиёд ниёз надорад, ба ҷуз аз чанд тағйири кӯчак. Онҳо мегӯянд, аксарияти бандҳои ин қонун ба манфиати демократия ва интихоботи озодона аст.

Бо ташкили як тарҳи нави видеоии Радиои Озодӣ аз намояндагони ин ду ҷиноҳ, раиси Ҳизби умумимиллии сотсиал-демократи Тоҷикистон Раҳматулло Зоиров ва вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон Сӯҳроб Шарифов хостем, мавзеъгирии худ ва далелҳои хешро дар ин сӯҳбат дар миён гузоранд. Баҳс хеле ҷолиб гузашт ва ҳоло дидани ону изҳори назар бо Шумост. Оё ба кадоме аз ин мавзеъгириҳо бартарӣ медиҳед ва чаро?

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG