Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Роҳи "ҷудо"-и лӯлиёни Восеъ аз дигарон дар нақлиёт


Ҳудуди 10 тангем дар ноҳияи Восеъ дар хизмати лӯлиён қарор доранд
Ҳудуди 10 тангем дар ноҳияи Восеъ дар хизмати лӯлиён қарор доранд

Лӯлиёни ноҳияи Восеъ дигар аз нақлиётӣ ҷамъиятие, ки сокинони дигарро мекашонад, истифода намебаранд

Ҳамакнун, лӯлиёни вилояти Хатлонро савори мошинҳои мусофиркашии «Тангем» метавон дид, ки бо дархост як гурӯҳи онҳоро аз ҷое ба ҷое мебарад.

Зани лӯлие, ки худро Мавзуна ном бурд, мегӯяд, аз як сӯ бо сокинони дигар дар як нақлиёт худро озод ҳис намекунанд ва аз тарафи дигар нақлиёти вижаро ба он хотир дархост мекунанд, ки ҳар ҷое хостанд, онҳоро мебарад: «Мо ҷойҳои дур бисёр меравем. Агар дер кардем, занҳои кӯдакдор дар даруни ҳамин хоб меравем. Бисёр вақт дер ҳам шавад, дигар мошин намекобем ва ҳамин мошин моро то дари хонаҳомон меорад. Барои ҳамин мо ҳамин хел заказ мекунем».

Бархе сокинони маҳаллӣ мегӯянд, муносибати нохуби баъзе нафарон лӯлиёнро ба фосилагирӣ ва дурӣ аз нақлиёти ҷамъиятӣ маҷбур кардааст.

Қиёмиддин Назаров, як сокини маҳаллӣ мегӯяд, лӯлиён серфарзанданд ва бо фарзандону халтаҳои худ савори мошин шуданашон ба аксар сокинон хуш намеояд. Ӯ мегӯяд, ҳарчанд, худи ӯ ба ин кори лӯлиён эътироз накарда бошад ҳам, аммо борҳо шоҳиди муносибати нохуби баъзе аз ҷавонон шудааст.

Аъзам, ҷавонмарди лӯлӣ
Аъзам, ҷавонмарди лӯлӣ
Аммо Аъзам, марди дигари лӯлӣ мегӯяд, ҳеҷ гоҳ дар нисбат ба худ ва наздиконаш чунин муносибатро эҳсос накардааст: "Ба Худо бисёр одамҳои хуб ҳастанд ва ягон гапи пасту баланд намегӯянд, лекин барои мо қулайтар мошини алоҳида ҳаст, ки ба кору гапи худ банд мешавем. Онҳо, ба хусус ронандаҳои бисёр ба мо хушмуомила ҳастанд."

Зайдулло Ҷабборов, ронандаи мусофиркаши «Тангем», ки ба қавли худ «дар хидмати лӯлиён аст» мегӯяд, онҳо нисбат ба тоҷикон роҳкирои хубтар пардохт мекунанд ва ҳеҷ гоҳ ҳам фиреб намекунанд: «Барои мо кор бошад ва каси пули хубтар дод, меравем. Лӯлиён мусофирҳои тайёранд, дигар мо паси мусофир намегардем. Аз сокинони дигар пули хубтару бештар медиҳанд.»

Ҳоло дар шаҳри Кӯлоб ва ноҳияи Восеъ наздики 10 мусофиркаши «Тангем»-и хусусӣ дар хидмати лӯлиён қарор доранд. Лӯлиён дар минтақаи Кӯлоб аслан, дар ду ҷамоати ноҳияи Восеъ зиндагӣ мекунанд. Онҳо талбандагиро касби аҷдодии худ медонанд ва рӯзашонро пушти дари сокинон бо гадоӣ бегоҳ мекунанд.
Ин мусофиркашҳое, ки ба лӯлиён хидмат мерасонанд, мардуми маҳал бо ҳазл «ҷугикашак» ном мебаранд.



XS
SM
MD
LG