Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лимити 12-соатаи барқ дар шаҳри Кӯлоб


Дар шаҳри Кӯлоб барои бори аввал дар моҳи октябр режими шадиди барқ ҷорӣ шудааст. Ҷумъахон Шарипов, раиси идораи барқи шаҳр ба “Азия Плюс” гуфт, то 1 ноябр барқ ҳамагӣ 12 соат дар шабонарӯз – 4 соат субҳ, 2 соат дар пешин ва 6 соат шом дода хоҳад шуд. Ӯ афзуда, ки лимит аз 1 ноябр тағйир хоҳад ёфт, вале маълум нест, ки шадидтар мешавад ё сабуктар. Дар рустоҳои Тоҷикистон аз 7 октябр лимити барқ ҷорӣ шудааст ва барқро аз 11 шаб то 5 субҳ мекушанд. Вале дар бисёр манотиқ сооти бебарқӣ хеле бештар аз он лимитест, ки “Барқи тоҷик” феълан муқаррар кардааст.
XS
SM
MD
LG