Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътироз алайҳи ширкати тилои Чин дар Қирғизистон


Беш аз 200 нафар дар ноҳияи Кемин дар шимоли Қирғизистон бо талаби бастани ширкати заршӯии Чин тазоҳурот карданд. Онҳо дар рӯбарӯи дафтари ширкати Superb Pacific Limited дар шаҳри Орловка хайма задаанд. Волии Кемин Умар Иззатбеков ба Озодӣ гуфт, барканории атбоъи қирғиз ва ҳам саркашии ширкат аз қатъи олудасозии муҳит сабаби эътироз шудааст. Рӯзи 3 октябр ҳудуди 1000 нафар дар пойтахт, Бишкек бо талаби давлатӣ кардани кони тилои Қумтор, ки аз сӯи як ширкати канадоӣ идора мешавад, раҳпаймоӣ карда буданд.
XS
SM
MD
LG