Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вобастагии Тоҷикистон аз сӯзишвории Русия коҳиш ёфтаст


Таи 9 моҳи соли равон ба Тоҷикистон 273 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ворид шудаст, ки арзиши ҳар тонааш ба ҳисоби миёна 1 ҳазору 125 доллари амрикоиро ташкил медиҳад.
Масъулини Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон мегӯянд арзиши ҳар тонна маводи сӯхти воридотӣ дар муқоиса бо нархгузориҳои соли гузашта 130 доллар қиматтар мебошад. Маблағи маҳсулоти нафтии воридшуда ҳудуди 310 миллион доллари амрикоӣ арзёбӣ мешавад.

Мутасаддиёни энергетика таъкид мекунанд, ки дар бахши маҳсулоти нафтӣ вобастагии Тоҷикистон аз Русия ба таври назаррас кам шуда, саҳми маводи сӯхти Русия дар бозори Тоҷикистон аз 83 дар сади соли гузашта, имсол то 50 фоиз поён омадаст. Аз маҷмӯи умумии сӯзишвории воридшуда 18 фоиз ба Туркманистон, 10 фоиз Қирғизистон, 4.1 фоиз Қазоқистон, 3 фоиз ба Белорусия ва 2.6 фоиз ба Узбакистон рост меояд.
Ин дар ҳолест, ки солҳои пеш саҳми Русия дар бозори сӯзишвории Тоҷикистон зиёда аз 95 фоизро ташкил медод. Сар аз моҳи майи соли 2010, ки Русия барои Тоҷикистон боҷи содиротии маҳсулоти нафтӣ ҷорӣ кард, воридоти сӯзишворӣ аз дигар кишварҳо рӯй ба афзоиш ниҳода вобастагӣ аз Русия дар ин бахш камтар шудаст.
XS
SM
MD
LG