Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ширкатҳои хориҷӣ ба маъданҳои Тоҷикистон чашм дӯхтаанд


Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, даҳҳо ширкати хориҷӣ эълом кардаанд, ки моиланд дар озмуни истихроҷи захираҳои фулузоти қиматбаҳои кишвар ширкат кунанд.

Дар шӯъбаи пешбурди сармоягузории Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ба Радиои Озодӣ рӯзи душанбе гуфтанд, то кунун бештар аз 15 ширкати хориҷӣ, аз ҷумла аз Канада, Чин ва Аврупо расман изҳор доштаанд, ки дар сурати эъломи озмун барои дарёфти ҳаққи истихроҷ ва коркарди конҳои тиллову нуқра ва дигар фулузоти гаронбаҳо дар Тоҷикистон, дар он ширкат мекунанд ва санадҳои лозимаро низ барои баррасӣ фиристодаанд.

Бар асоси муқаррароти эъломи тендер, номи ширкатҳои ҳавасманд дар марҳилаҳои аввал ошкор намешавад.

Ҳукумати Тоҷикистон аввалҳои ҳамин сол гуфт, ки қасд дорад барои истихроҷ ва коркарди конҳои “Чоре” ва Кончоч дар ноҳияи Айнӣ музояда эълом кунад ва аксари ширкатҳо моил ба истихроҷи ҳамин конҳо будаанд.

Бино ба гузоришҳо, ин ду кон ҳамроҳ бо майдонҳои Дуоба, Қумманор ва Шахкон дар водии Зарафшон бештар аз 200 тонна тилло доранд. Ду тарҳи дигаре, ки давлати Тоҷикистон ҳамин сол барои сармоягузорон пешниҳод кард, пажӯҳишҳои геологии кони “Гумас” дар ноҳияи Ванҷи вилояти Бадахшон аст, ки ба тахмини донишмандон, 2 миллиону 80 ҳазор тонна никел ва тақрибан 2 миллион тонна мис ва платина доштааст.

Тарҳи дигари пешниҳодӣ барои сармоягузорон, анҷоми пажӯҳиши геологии майдони “Икар” дар вилояти Бадахшон аст, ки дорои захираҳои тиллову волфрам ва мис мебошад.

Хонандаи азиз, моро дар шабакаҳои Facebook, Twitter ва Youtube низ ҳамроҳӣ кунед!
XS
SM
MD
LG