Пайвандҳои дастрасӣ

Развозжаев ёрии молии Тифлисро эътироф кардааст


Леонид Развозжаев

Леонид Развозжаев

Муфаттишони Русия мегӯянд, як ёвари вакили Думаи давлатӣ дар баёноташ як мақоми Гурҷистонро ба таъмини молии эътирози моҳи майи мухолифин дар Маскав, ки ба даргирӣ бо пулис печид, айбдор кардааст. Сухангӯи Кумитаи тафтишоти Русия Владимир Маркин гуфт, Леонид Развозжаев – ёвари Иля Пономарёв – довталабона баёнот дод, ки мухолифинро Гивӣ Таргамадзе – вакили собиқи парлумон ва аз ёрони раисиҷумҳури Гурҷистон Михаил Саакашвилӣ – маблағгузорӣ мекард. Ин иттиҳом бори авал рӯзи 5 октябр дар шабакаи бо Кремл дӯсти НТВ садо дода буд. Баъди ду ҳафта алайҳи раҳбари Ҷабҳаи чап Сергей Удалтсов, ёвари ӯ Константин Лебедев ва Развозжаев парвандаи ҷиноӣ кушоданд. Удалтсов имрӯз ин иттиҳомро бори дигар радд кард ва гуфт, эътирофи Развозжаев ё “гӯлзанӣ”-ст, ё дар натиҷаи фишор ва шояд шиканҷа ба даст омадааст.
XS
SM
MD
LG