Пайвандҳои дастрасӣ

Ланс Армстронг аз ҳама унвонҳояш маҳрум шуд


Ланс Армстронг

Ланс Армстронг

Иттиҳодияи байналмилалии велосипедронӣ (UCI) бо таъйиди муҷозоти Ланс Армстронг ин варзишкори собиқи амрикоиро аз ҳамаи 7 унвони қаҳрамонии Tour de France, ки ӯ аз соли 1999 то 2005 ба даст оварда буд, маҳрум кард. Раҳбари UCI Пат МакКуад гуфт, “Ланс Армстронг дигар дар велосипедронӣ ҷое надорад.”
Дар аввали октябр Ожонси зидди допинги Амрико дар як гузориши муфассал Армстронгро ба раҳбарии “як барномаи хеле мураккабу ҳирфаӣ ва муваффақи допинг, ки назирашро варзиш то ҳол надида буд”, айбдор кард. Армстронг ин иттиҳомотро радд мекунад, вале аз муқобила ба он низ даст кашидааст.
XS
SM
MD
LG