Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳосили нав ордро дар Тоҷикистон арзон накард


Тибқи иттилои Вазорати кишоварзӣ то ҳол дар Тоҷикистон 642 ҳазор тонна ғалладонагиҳо ҷамъоварӣ шудаанд, ки 506 ҳазор тоннаашро гандум ташкил медиҳад.

Масъулини вазорат мегӯянд дар муқоиса бо соли гузашта ҳосилнокии ғалладонагиҳо 3 сентнер зиёд шуда, то 25.2 сентнер аз ҳар гектар расидаст. Мутасаддиёни кишоварзӣ бо такя ба тухмиҳои хуб, боду ҳавои мусоид интизор доранд, имсол ҷамъоварии ғалладонагиҳо нисбати соли гузашта ҳудуди 200 ҳазор тонна бештар мешавад. Ният аст дар кишвар ҳосили гандум 800 ҳазор тоннаро ташкил хоҳад дод, ки нисбати соли гузашта ҳудуди 200 ҳазор тонна бештар аст. Ин миқдор гандум нисфи талаботи солонаи кишварро ташкил медиҳад.

Эълонҳои вазорати кишоварзӣ дар мавриди ҳосили бесобиқаи гандуму дигар ғалладонагиҳо дар ҳоле садо медиҳанд, ки нархи орд дар бозорҳои кишвар моҳи сеюм аст, ки бемайлон боло меравад.
Тибқи мониторинги гузарондаи вазорати рушди иқтисод ва савдои кишвар айни ҳол нархи як халтаи 50 киллограмаи орди қазоқӣ дар пойтахт то 170 сомонӣ расидаст, ки дар муқоиса бо нархгузориҳои аввали тобистони имсола ҳудуди 50 дарсад қиматтар аст.
XS
SM
MD
LG