Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Хадамоти муҳоҷират "Роҳнамо"-ро маҳкум кард


Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон рӯзи душанбе бо пахши як баёнияи вижа нашри як китоби роҳнамои муҳоҷирон дар шаҳри Санкт-Петербурги Русияро, ки дар он муҳоҷирон ба сурати лавозимоти корӣ, назири белу ҷорӯб, андовачӯб ва амсоил ин тасвир мешаванд, шадидан маҳкум кард ва хостори манъи комили тавзеъи ин китоб дар байни муҳоҷирон шуд.
Қаблан «Созандагони Ватан» - ҷиноҳи ҷавонони ҳизби ҳокими халқӣ-демократии Тоҷикистон низ ин «Роҳнамо»-ро «таҳқири миллати тоҷик» номид ва низ маҳкум кард. Раҳбари ин созмон Адҳам Мирсаидов ба Озодӣ гуфт, «муҳоҷирони тоҷик асбоби корӣ нестанд, ки ба ин шакл тасвир шаванд.» Дар «Роҳнамои муҳоҷирони корӣ», ки дар Петербург ба забонҳои русиву қирғизӣ ва тоҷикиву узбакӣ аз сӯи як созмони ҷамъиятӣ нашр шудааст, ҳамчунин барои мисол, ба муҳоҷирон қоидаҳои одоб дар ин шаҳр низ «дарс» медиҳанд ва аз ҷумла « машварат» дода мешавад, ки «либоси варзиширо бо туфлии лакдор напӯшанд.»
Ин китоб ба боди интиқоди тунди ҷамъиятҳои тоҷикони Русия низ рӯбарӯ шуда, консули ифтихории Тоҷикистон дар Петербург Назар Мирзода гуфтааст, бо ирсоли як номаи эътирозӣ барчидани ин «Роҳнамо»-ро аз шаҳрдор Георгий Полтавченко тақозо хоҳад кард.
Абдуллоҳ Қодирӣ – сухангӯи Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон – гуфт, ба сурати умум, онҳо мухолифи нашри чунин роҳнамоҳо нестанд, вале агар бидуни расидан ба иззати нафси муҳоҷирон ва бо мурооти камоли одоб таҳия шаванд.
XS
SM
MD
LG