Пайвандҳои дастрасӣ

Мавзуна ба устодаш “Mersedes-Benz” тӯҳфа кард


Мавзуна Чориева ва устодаш Мирзо Шамсиев

Мавзуна Чориева ва устодаш Мирзо Шамсиев

Мавзуна Чориева, барандаи медали биринҷии Олимпиада-2012, ба устодаш Мирзо Шамсиев “Mersedes-Benz” тӯҳфа кард.

Мирзо Шамсиев, мураббии маъруфи бокс, рӯзи душанбеи 22-юми октябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "ман аз тӯҳфаи шогирдам Мавзуна - мошини “Mersedes-Benz” С-180, ки соли 2001-ум истеҳсол шудааст ва ҳолаташ хеле хуб аст, шод гаштам. Ҳоло дар курси ронандагӣ таҳсил мекунам ва баъди гирифтани шаҳодатномаи ронандагӣ мошинсавор хоҳам шуд.”

Ҷаноби Шамсиев афзуд, ӯ ҳамчунин бо мукофоти пулӣ сарфароз шудааст. Вай гуфт, “маро раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ дар баробари дигар мураббиён бо китоби муқаддаси Қуръони Шариф ва мукофоти пулӣ ба маблағи 500 сомонӣ сарфароз гардонд. Баъдан Шодӣ Сафаров, раиси Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон, маро бо 5000 сомонӣ мукофотонид. Сипас Қоҳир Расулзода, раиси вилояти Суғд, ба ман 5000 сомонӣ тӯҳфа кард.”

Вале ҷаноби Шамсиев иброз дошт, ки бо мукофоти давлатӣ сарфароз нашудааст. Ӯ гуфт, “дар арафаи ҷашни Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, ки дар маросими ифтитоҳи майдони варзишии мактаби миёнаи рақами 37-и Душанбе ҳузур дошт, маро бо пирӯзии шогирдонам табрик гуфт ва ба Маликшо Неъматов, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, супориш дод, ки маро ба мукофоти давлатӣ пешниҳод намояд. Умедворам,ки супориши президент иҷро мешавад ва соҳиби мукофоти давлатӣ хоҳам шуд.”


Бояд тазаккур дод, ду шогирди Мирзо Шамсиев – муштзанҳо Анвар Юнусов ва Мавзуна Чориева барандагони медалҳои биринҷии мусобиқаи қаҳрамонии бокси ҷаҳон мебошанд. Мавзуна, инчунин, барандаи медали биринҷии Бозиҳои XXX тобистонаи олимпӣ дар Лондон гардидааст.

Ёдовар мешавем, ба Мавзуна Чориева барои дастовардҳои бузургаш шаҳрдории Душанбе манзили сеутоқа тақдим кард. Шаҳрдории Кӯлоб низ барои зодаи ин шаҳр Мавзуна Чориева як манзили панҷҳуҷрагӣ дод. Ба Мавзуна Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон як манзили дуҳуҷрагӣ дар пойтахти кишвар тӯҳфа намуд.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон Мавзуна Чориеваро бо ордени Шараф ва 200 000 сомонӣ ҷоизаи президентӣ сарфароз гардонд. Инчунин раисони вилоятҳои Хатлону Суғд ва бархе аз соҳибкорон ба Мавзуна ҷоизаҳои пулӣ тақдим карданд.

Вале ба гуфтаи Мирзо Шамсиев ба Мавзуна Чориева то ҳоло тӯҳфаи эълонкардаи “Ориёнбонк” – мошини сабукрави “Лексус” супурда нашудааст.

Хонандаи азиз, моро дар шабакаҳои Facebook, Twitter ва Youtube низ ҳамроҳӣ кунед!

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG