Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Омодагии Обама ва Ромнӣ ба баҳси ниҳоӣ


Раисиҷумҳури демократи Амрико Барак Обама ва рақиби ҷумҳурихоҳаш Митт Ромнӣ имшаб роҳии баҳси севум ва ниҳоии рӯбарӯ дар чорчӯби корзори интихоботи 6 ноябр мешаванд. 90 дақиқа баҳси онҳо дар Бока Ратони Флорида рӯи масоили сиёсати хориҷӣ тамаркуз хоҳад кард. Қарор аст, ду муддаии курсии раҳбарии Амрико пиромуни нақши ин кишвар дар дунё, низоъ дар Афғонистону Покистон, Исроил ва барномаи ҳастаии Эрон, Ховари миёнаи дар ҳоли тағйир ва симои нави терроризм ва рушди Чин ва ояндаи дунё мубоҳиса кунанд. Ду ҳафта қабл аз раъйгирӣ, назарсанҷиҳо мизони тақрибан баробари ҳимояти мардум аз Обама ва Ромниро тахмин мезананд.
XS
SM
MD
LG