Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Худкушии модари чор фарзанд дар Суғд


Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд аз худкушии як ҷавонзани соҳиби чор фарзанд хабар додааст.

Ба иттилои Акбар Шарифов, корманди дафтари матбуоти Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд, Гулнора Турсунова, сокини 42 солаи ноҳияи Конибодом дар манзили истиқоматиаш даст ба худкушӣ задааст.

Масъулони дафтари матбуоти раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд, мегӯяд, ин қазияро таҳқиқ доранд.Аммо бо ин ҳам ҳанӯз сабаби ин худкушӣ мушаххас нашудааст.

Зимнан, бештарин мавориди худкушӣ дар вилояти Суғд сабт шудааст, ки аз аввали сол то кунун 200 ҳолати худкушӣ дар шимоли Тоҷикистон иттифоқ афтодааст.
XS
SM
MD
LG