Пайвандҳои дастрасӣ

3 голи Урдун ва маҳрумияти мунтахаби Тоҷикистон аз идомаи бозӣ


Дастаи мунтахабаи футболи занонаи Тоҷикистон

Дастаи мунтахаби футболи занонаи Тоҷикистон дар даври аввали интихобии мусобиқаи қаҳрамонии Осиё (U-19) дар Урдун ноком гашт.

Футболбоззанони тоҷик барои аввалин бор дар мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё, ки дар пойтахти Урдун – шаҳри Уммон баргузор шудааст, ширкат доранд.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон (сармураббиаш Сулаймон Бобокалонов) дар сабқати гурӯҳи “В” баъди бохт дар бозии аввал ба тими Эрон бо ҳисоби бузурги 2:12, дар бозии дувум аз дастаи мизбон, Урдун бо ҳисоби 0:3 шикаст хӯрд.

Ҳамин тариқ, мунтахаби Тоҷикистон новобаста аз натиҷаи бозии охиринаш 22-юми октябр бо тими Фаластин аз ҳаққи ширкат дар даври дувум маҳрум гашт.

Ду дастаи беҳтарини гурӯҳ, Эрон ва Урдун ба даври дувуми интихобӣ, ки аз 1-ум то 9-уми декабри соли равон дар Вйетнам баргузор мешавад, пешакӣ роҳхат гирифтанд. Дар бозии охирини сабқати гурӯҳи “В” тимҳои мунтахаби Эрон ва Урдун имрӯз, 22-юми октябр барои ҷойи аввал бо ҳам мубориза мебаранд.

Мусобиқаи қаҳрамонии Осиё миёни занон (U-19)
Сабқати интихобӣ. Гурӯҳи «В».

Даври 1-ум
Эрон – Тоҷикистон – 12:2
Урдун – Фаластин – 8:0

Даври 2-юм
Тоҷикистон – Урдун – 0-3
Фаластин - Эрон – 0-8

Мавқеи дастаҳо дар гурӯҳи “В”

Ҷ Дастаҳо Б Ғ М Б Т И
1. Эрон 2 2 0 0 20-2 6
2. Урдун 2 2 0 0 11-0 6
3. Тоҷикистон 2 0 0 2 2-15 0
4. Фаластин 2 0 0 2 0-16 0

Даври 3-юм. 22-юми октябр (душанбе)
16.00 – Тоҷикистон – Фаластин
20.00 – Урдун – Эрон

Эзоҳ: оғози бозиҳо - ба вақти Душанбе.

Хонандаи азиз, моро дар шабакаҳои Facebook, Twitter ва Youtube низ ҳамроҳӣ кунед!

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG