Пайвандҳои дастрасӣ

Дастбӯсӣ... ва китфбӯсии рӯҳониён реша дар куҷо дорад?


Ин акс аз навори видео дар Ютюб гирифта шудааст

Ин акс аз навори видео дар Ютюб гирифта шудааст

Иддае аз сокинони Тоҷикистон мегӯянд, ки иззату эҳтироми рӯҳониёни шинохта набояд аз доираи эътидол берун бошад.

Солҳои охир мушоҳида мешавад, сокинони мусалмони Тоҷикистон барои зиёрати муллову эшонҳои шинохта рафта, ба унвони эҳтиром дасти онҳо ё китфашонро мебӯсанд. Чунин ҳолатҳое ҳам кам нест, ки волидони тифли навзод аз рӯҳониёни маъруф мехоҳанд, то ба даҳони кӯдаки онҳо "туф андозанд".

Агарчӣ гурӯҳи диндорон иҷрои чунин амалҳоро ҳамчун рамзи эҳтиром ва бузургии рӯҳониён унвон мекунанд, аммо соҳибназарон мегӯянд, ҳурмат ба дину муқаддасоти он набояд бо дасту китфбӯсӣ ё таъзими даст пеши бар чен карда шавад.

Идибек Зиёев, устоди Донишгоҳи исломии Тоҷикистон, гуфт, дар солҳои охир сокинон ҳатто оби дасти рӯҳониёни маъруфро бо худ мегиранд, ки тавассути он бемореро шифо бахшанд ё фарзандашон донову комёб шавад. Дар ҳоле ки ба гуфтаи ӯ, ин амал бештар аз як бовари сохтаи сокинон нест. Дар идомаи сӯҳбаташ ҷаноби Зиёев таъкид кард, ӯву ҳамфикронаш ба ин далел тарафдори маҳрум кардани рӯҳониён аз чунин арҷгузории сокинон нестанд. Балки ба гуфтаи ӯ, мехоҳанд шева ё навъи ибрози эҳтироми сокинон ба рӯҳониёни кишвар бидуни "таҷовузи марзи эътидол" ва мувофиқ ба қарни бистуякум сурат гирад.

Аммо бархе аз рӯҳониён мегӯянд, дастбӯсиҳое, ки дар миёни сокинони Тоҷикистон зиёд ба мушоҳида мерасад, бештар ба хотири арҷгузорӣ ба рӯҳониён аз сӯи афроди дорои эҳсосоти шадиди мазҳабӣ сурат мегирад. Мулло Абдураҳим, ки дар гузашта имомхатибии масҷиди Қазоқони Душанберо бар ӯҳда дошт, дар сӯҳбат бо мо гуфт, бино ба фармудаи бархе аз донишмандони Ислом бӯса панҷ навъ аст, ки охирини он "бӯсаи эҳтиром" ном дорад. Бо ишора ба ин, Мулло Абдураҳим бовар дорад, дастбӯсии сокинон мисли тарошаи аз бом афтода нест, балки решаҳое дар дини мубини Ислом дорад.

Дар ҳамин ҳол, Мавлавӣ Муҳаммадалии Файзмуҳаммад, яке аз масъулони Ҳизби Наҳзати Исломи Тоҷикистон, масъалаи дар даҳони кӯдак туф андохтани рӯҳониёнро шарҳ дода гуфт, ин суннат аз паёмбари Ислом, ҳазрати Муҳаммад боқӣ мондааст. Зеро ба гуфтаи ӯ, ҳар кӯдакеро ба пеши паёмбар меоварданд, ҳам ном мегузошту ҳам хурморо хоида, ширинии онро дар коми кӯдак мемолид. Вале ин масъули Ҳизби Наҳзати Исломӣ мегӯяд, ин суннатҳои хуби паёмбари Ислом набояд мояи кибру ғурури рӯҳониён ва фосилаи миёни онҳову сокинони одии кишвар бишаванд. Ӯ афзуд, иззату ҳурмат бояд аз ду тараф сурат гирад, яъне, агар дасти рӯҳониеро бӯсиданд, бояд рӯҳонӣ ҳам дар ҷавоб дасти ҳаводорони худро бибӯсад, то ин арҷгузорӣ холӣ аз кибру ғурур бошад.

Ин масъала дар ҳоле матраҳ мешавад, ки соли 2009 Шӯрои уламои Тоҷикистон дастбӯсии рӯҳониёнро ҷоиз нашумурда гуфта буд, аз чунин амал дар мазҳари ом худдорӣ шавад. Масъулони Шӯрои уламо дар ин маврид гуфта буданд, ин амал барои ҷилавгирӣ аз издиҳоми бештари намозгузорон, махсусан дар рӯзи намози ҷумъа гирифта шудааст.

Дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе низ дар ин бора назарҳои мухталиф доранд. Баъзе аз сокинон, ки зоҳиран шахси мазҳабиянд, бӯсидани дасти пешвоёни динӣ ва ё ба гуфтаи худи онҳо олимони Исломро як амри дуруст мешуморанд. Ба назари онҳо, бӯсидани дасти муллоҳо як роҳи баёни муҳаббат ва эҳтироми шахс ба дини Ислом ва пешвоёни он будааст. Вале яке аз онҳо гуфт, чунин амалҳо баръакс дини Исломро дар чашми худиву бегонаҳо ҳамчун дини “ғуломона” нишон медиҳад, ки бояд сокинон дар назди рӯҳониён ва ё муллоҳо сари таъзим фуруд оранду дасти онҳоро бибӯсанд ва ё луқмаи пайи даҳони онҳоро бихӯранд.

Вале ҷомеашиносони тоҷик аз дидаву мушоҳидаҳои худ мегӯянд, дастбӯсии пешвоёни мазҳабӣ амали роиҷ дар Тоҷикистон нест. Балки ба гуфтаи онҳо, як гурӯҳи хурде онро мисли бӯсидани хоки мазори гузаштагон ва ё имдодталабӣ аз сангу мақбараҳо то ҳанӯз ҳифз карда, иҷрои ин амалҳоро роҳи наҷоти худ ва пешрафти корашон медонанд.

Хонандаи азиз, моро дар шабакаҳои Facebook, Twitter ва Youtube низ ҳамроҳӣ кунед!

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG