Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мубориза барои медалҳо торафт шиддат мегирад


Бозии дастаҳои "Вахш"-у "Хуҷанд"
Бозии дастаҳои "Вахш"-у "Хуҷанд"

Бозиҳои даври 21-уми Лигаи олии футболи Тоҷикистон бо пирӯзии пешсафони ҷадвали мусобиқа ба анҷом расиданд.

Нахуст 19-уми октябр дастаҳои «Гвардия»-и Душанбе ва “Хайр”-и Ваҳдат рақобат карданд. Ин бозӣ, ки дар шаҳри Душанбе, дар варзишгоҳи КМВА (ССКА)-и Вазорати мудофиаи Тоҷикистон баргузор шуд, бо ғалабаи дастаи «Хайр» бо ҳисоби 3:1 ба охир расид.

Голҳо: Муҳаммад Гулипур, 12 (0:1). Темур Исмоилов, 24 (1:1). Рустам Хоҷаев, 53 - аз пеналтӣ (1:2). Мирзобек Мирзоев, 90+1 (1:3).
Аз майдон хориҷ шуданд: Абдурасул Раҳмонов ("Гвардия"), Умед Ҳабибуллоев ("Хайр").

Ду бозии дигари даври 21-ум рӯзи шанбе, 20-уми октябр баргузор шуд. Дастаи “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода дар майдони худ тими «Ҳосилот»-и Фархорро бо ҳисоби бузурги 9:1 шикаст дод. Ҳамлагар Аҳтам Ҳамроқулов, ки чор гол ба самар расонд, дар сабқати нишонзанҳои беҳтарин ба ҷойи аввал баромад.

Голҳо: Хуршед Маҳмудов, 4 (1:0). Аҳтам Ҳамроқулов, 5 (2:0). Комил Саидов, 9 (3:0). Лове Тюфилус, 16 (3:1). Ҷамшед Исмоилов, 40 (4:1). Хуршед Маҳмудов, 42 (5:1). Аҳтам Ҳамроқулов, 51 (6:1). Аҳтам Хамроқулов, 57 (7:1). Аҳтам Ҳамроқулов, 74 (8:1). Комил Саидов, 87 (9:1).

Дастаи “Равшан”-и Кӯлоб дар варзишгоҳи «Авиатор»-и пойтахти кишвар бар тими мизбон – «Энергетик»-и Душанбе бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуд.

Голҳо: Нуъмон Ҳакимов, 36 – аз пеналтӣ (0:1). Шодибек Ғаффоров, 37 (1:1). Одил Эргашев, 76 (1:2).

Се бозии дигари даври 21-ум рӯзи якшанбе, 21-уми октябр барпо гардид. Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе дар меҳмонӣ тими “Парвоз”-и Бобоҷон Ғафуровро бо ҳисоби 3:0 шикаст дод.

Голҳо: Фатҳулло Фатҳуллоев, 48 (0:1). Умедҷон Шарифов, 49 (0:2). Дилшод Восиев, 83 (0:3).

ССКА “Помир”-и Душанбе дар майдони худ ба дарвозаи тими меҳмон - “Зарафшон”-и Панҷакент 5 голи беҷавоб зад.

Голҳо: Абдуқаюм Қарабоев (2), Воҳид Бобоев, Раҳматулло Фузайлов ва 1 голро меҳмонон ба дарвозаи худ заданд (автогол).

Дастаи “Вахш”-и Қӯрғонтеппа бозиро бо тими меҳмон - “Хуҷанд”-и Хуҷанд бо ҳисоби мусовӣ ва бидуни гол анҷом дод.

Дар ҳамин ҳол дар ҷадвали мусобиқа “Регар-ТадАЗ” бо 48 имтиёз дар ҷойи аввал, "Равшан" бо 47 имтиёз дар ҷойи дувум ва “Хайр” бо 39 имтиёз дар ҷойи севум қарор доранд.

Дастаи “Истиқлол”, ки аз ҳама камтар – 16 бозӣ анҷом додааст, бо 36 имтиёз дар зинаи чаҳорум ҷойгир шудааст. “Истиқлол” бо рақибони аслиаш - “Регар-ТадАЗ” ва “Равшан” барои дарёфти унвони қаҳрамонӣ мубориза мебарад. «Хайр» низ барои ба даст овардани медалҳо талош дорад.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа:

Ҷой Дастаҳо Б Ғ М Б Т И

1.

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

19

15

3

1

61-15

48

2.

«Равшан» (Кӯлоб)

19

15

2

2

32-9

47

3.

«Хайр» (Ваҳдат)

18

12

3

3

34-19

39

4.

«Истиқлол» (Душанбе)

16

11

3

2

37-9

36

5.

«Вахш» (Қӯрғонтеппа)

19

8

4

7

24-16

28

6.

«Парвоз» (Б.Ғафуров))

19

8

3

8

35-29

27

7.

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

19

7

4

8

26-29

25

8.

«Энергетик» (Душанбе)

19

6

6

7

25-23

24

9.

КМВА “Помир” (Душанбе)

20

6

5

9

22-23

23

10.

«Истаравшан” (Истаравшан)

19

6

4

9

27-35

22

11.

«Ҳосилот» (Фархор)

19

4

2

13

18-46

14

12.

«Гвардия» (Душанбе)

19

2

0

17

10-49

6

13.

«Зарафшон» (Панҷакент)

19

1

3

15

19-68

6


Голзанҳои беҳтарин: Аҳтам Ҳамроқулов («Регар-ТадАЗ») – 16 гол, Дилшод Восиев («Истиқлол»), Комил Саидов («Регар-ТадАЗ») - 14–голӣ, Шодибек Ғаффоров («Энергетик») – 11 гол.

Бозии даври 15-ум
24-уми октябр (чоршанбе)

Оғози бозӣ-соати 15:00
"Истиқлол"- "Зарафшон"


Даври 22-юм
27-уми октябр (шанбе)

Оғози бозиҳо – соати 15.00
«Регар-ТадАЗ» - «Вахш»
«Истиқлол» - «Гвардия»

28-уми октябр (якшанбе)
Оғози бозиҳо – соати 15.00
«Ҳосилот» - «Равшан»
«Хуҷанд» - ССКА «Помир»

PS: Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон бозии даври 22-юм байни дастаҳои «Хайр» - «Энергетик», ки аз рӯи тақвими бозиҳо мебоист 28-уми октябр доир мешуд, се рӯз пеш - 25-уми октябр барпо мегардад. Бозии мавқуфгузоштаи даври 17-ум миёни дастаҳои «Вахш» - «Хайр» 30-юми октябр баргузор мешавад.

Бозии даври 22-юм байни тимҳои «Истаравшан» - «Парвоз» аз 27-уми октябр ба 22-юми ноябр мавқуф гузошта шуд.

Хонандаи азиз, моро дар шабакаҳои Facebook, Twitter ва Youtube низ ҳамроҳӣ кунед!
XS
SM
MD
LG