Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гурҷистон ҳайати нави вазиронашро муайян мекунад


Парлумони нави Гурҷистон 25-уми октябр дар иҷлосияи худ, ҳайати нави вазирони ин кишварро ба тасвиб мерасонад.

Давид Усупашвилӣ, раиси нави парлумони Гурҷистон, зимни нахустин иҷлоси вакилон дар Кутаисӣ, дувумин шаҳри бузурги ин кишвар, хабар дод, ки ҳайати нави вазирони кишвар 25-уми октябр муайян хоҳад шуд.

Бидзина Иванишвилӣ, раиси эътилофи “Руъёи гурҷӣ”, ки дар интихоботи парлумонӣ пирӯз шуд, номзад ба мақоми нахуствазирӣ пешниҳод гардид ва ҳайати нави вазиронро ба таври расмӣ ба Михаил Саакашвилӣ, раисиҷумҳури Гурҷистон, пешниҳод кард.

Эътилофи “Руъёи гурҷӣ”аз 150 курсии парлумон 85 курсиро дар интихобот ба даст овард. Ҳизби Михаил Саакашвилӣ бо номи Ҷунбиши Муттаҳиди Миллӣ шикаст хӯрд ва ҳамагӣ 65 курсиро дар парлумон соҳиб шуд. Эътлофи “Руъёи гурҷӣ” номзадии Давид Усупашвилиро ба мақоми раиси парлумон пешниҳод кард ва ҳамаи 88 нафар ба ҷонибдорӣ аз номзадии вай раъй доданд.

Усупашвилӣ дар нахустин суханронии худ ба унвони раиси нави парлумон изҳор дошт, ки дар Гурҷистон “насими озодӣ” мевазад: “Далели ин, ки натиҷаҳои интихоботи якуми октябрро нерӯҳои сиёсӣ, ҷомеаи мо ва маҳофили байналмилалӣ эътироф карданд, хеле хуб аст. Ин намунаи бесобиқаи гузори қудрат тавассути интихобот дар Гурҷистон аст, вале ин раванд бояд таҳким ёбад.”

Дар иҷлоси рӯзи якшанбе Михаил Саакашвилӣ, раисиҷумҳури Гурҷистон, гуфт, натиҷаҳои интихобот намунаи он аст, ки дар ин ҷумҳурии Шӯравии пешин “демократияи маъмулии аврупоӣ” роҳ меёбад. Ӯ афзуд, ҳизби вай омода аст, бо эътилофи “Рӯъёи гурҷӣ” ҳамкорӣ кунад: “Умедворам, ҳамаи мо ин имкони нодирро дарк мекунем, ба ҳамаи мардуми Гурҷистон ва ба ҳамаи ҷаҳониён нишон медиҳем, ки мо бо такя ба усули демократӣ ва ваҳдати кишварамон пеш меравем. Имрӯз вақти қаҳру ғазаб ва ниқорталабӣ нест. Имрӯз рӯзи баррасиҳои якҷоя ва мунозираву амал аст.”

Намояндагони парлумон ҳамчунин ба Қонуни асосӣ иловае ворид карданд, ки имкон медиҳад парлумон барои фаъолият ба шаҳри Тифлис баргардад. Парлумони қаблӣ моҳи июли соли 2011 дар Қонуни асосӣ иловае ворид карда буд, ки баъд аз интихобот парлумони нав иҷлоси худро дар шаҳри Кутаисӣ баргузор кунад.

Хонандаи азиз, моро дар шабакаҳои Facebook, Twitter ва Youtube низ ҳамроҳӣ кунед!
XS
SM
MD
LG