Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия аз комёбӣ дар мубориза бо террористон хабар дод


Мақомоти Русия аз комёб шудани амалиёти густурдаи Хадамоти федеролии амният ва ВКД дар Қафқози Шимолӣ хабар доданд.

Дар чанд амалиёт, ки дар ҷумҳуриҳои Доғистон ва Қабардину Балқар сурат гирифт, 49 фарди мусаллаҳ, аз ҷумла нӯҳ тан аз раҳбарони гурӯҳҳои зиддиҳукуматӣ, кушта шуданд. Чаҳор нафари онҳо – Ботирбеков, Улбашев, Каркаев ва Тутовро дар амалиёт дар Қабардину Балқар аз байн бурда шудаанд. Дар ду амалиёти ҷудогона дар ҷумҳурии Доғистон ҳам чанд тан аз ҷангҷӯёни шинохта ҳадафи тир қарор гирифтанд.

Ба иттилои Кумитаи миллии зиддитеррористии Русия, дар ҷараёни амалиёт 30 нафар дастгир шуда, 20 тани дигар худро ба мақомоти Доғистон таслим карданд. Кормандони амниятӣ ва пулис тақрибан 30 бомби худсохт, беш аз сад кило мавод барои тайёр кардани маводи тарканда, беш аз 100 мил силоҳ ва тақрибан 530 минаву мушак ва норинҷак, ҳамчунин миқдори зиёди тирро мусодира намуданд. Аммо Кумитаи миллии зиддитеррористии Русия дар бораи чанд муддат тӯл кашидани ин амалиёт чизе нагуфтааст.

Николай Синисов, сухангӯи Кумитаи миллии зиддитеррористии Русия, ба телевизиони Русия 24 гуфт, "татбиқи маҷмӯи чорабиниҳои ҳамоҳангшуда имкон дод, ки аз фаъолияти бархе аз раҳбарон, аъзои гурӯҳҳои ҷиноӣ ва ҳампаймонҳои ҷилавгирӣ ва системаи таъминоти онҳо халалдор шавад." Ба гуфтаи ӯ, "самти аслӣ дар роҳи муқобила бо терроризм ҳамчунин идомаи талошҳои пешгирӣ тавассути сӯҳбатҳо бо бархе аз қишрҳои аҳолӣ, ки метавонанд зери таъсири ғояҳои терроризм қарор бигиранд, арзёбӣ мешавад. Таъмини амнияти бархе аз муассисаҳои нисбатан осебпазир аз терроризм, нақлиёт ва ҷойҳои ҷамъшавии мардум ҳам аз авлавиятҳои кори мост."

Иттилоъ дар бораи амалиёти густарда чанд рӯз баъд аз изҳороти Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, дар бораи нобуд сохтани беш аз 300 мусаллаҳи мухолифи ҳукумат дар Қафқози шимолӣ дар чанд моҳи охир нашр шуд. Ӯ аз мақомоти амниятӣ ва ҳифзи тартибот хост, барои аз байн бурдани "гурӯҳҳои боқимондаи ҷиноӣ" дар ин минтақа талоши бештаре ба харҷ диҳанд.

Владимир Путин бо ишора ба баргузории Бозиҳои олимпии зимистонаи соли 2014 дар шаҳри Сочи ва чемпионати ҷаҳон оид ба футбол дар соли 2018 изҳор намуд, ки дар вазъи орому идона гузаштани ин чорабиниҳо – вазифаи ҳама кормандони ҳифзи тартибот аст.

Солҳои ахир хушунат дар минтақаи Қафқози шимолии Русия ба карат афзоиш ёфтааст. Дар ҳоле ки вазъ дар Чеченистон, баъди аз сӯи Кремл дар садри ин ҷумҳурӣ шинондаи Рамазон Қодиров, ором ба назар мерасад, дар кишварҳои ҳамсояи он – Қабардину Балқар, Доғистон ва Ингушистон хушунат боло рафта ва аз он ҷо дар бораи куштори мансабдорони ҳукумативу ҳамла ба корвонҳои низомӣ пайваста хабар мерасад.

Хонандаи азиз, моро дар шабакаҳои Facebook, Twitter ва Youtube низ ҳамроҳӣ кунед!
XS
SM
MD
LG