Пайвандҳои дастрасӣ

Амрико дар расидагӣ ба инфиҷор ба Лубнон ёрӣ медиҳад


Ҳилларӣ Клинтон

Ҳилларӣ Клинтон

Амрико эълон кард, ки ба нируҳои кашфи Лубнон кӯмак хоҳад кард, то ба инфиҷори мошини бамгузоришуда расидагӣ анҷом диҳад. Дар ин ҳодиса Виссом Ҳасан-раиси кашфи Лубнон ба қатл расид.

Ин эъломия замоне пахш шуд, ки рӯзи якшанбе байни ширкаткунандагони маросими дафни Виссом Ҳасан ва нируҳои амниятӣ дар Бейрут задухӯрд ба амал омад.
Пулис ба ҳаво тир андохт ва аз гази ашковар истифода кард. Тазоҳуркунандагон талош доштанд ба дафтари Наҷиб Микатӣ-нахуствазир ҳамла баранд. Онҳо нахуствазирро арӯсаки режими Сурия мегуфтанд.

Вазорати корҳои хориҷаи Амрико мегӯяд, Ҳилларӣ Клинтон телефонӣ бо нахуствазир Микатӣ сӯҳбат ва бамгузории рӯзи ҷумъаро маҳкум кардааст.

Виктория Нуланд-сухангӯи вазорати корҳои хориҷаи Амрико гуфтааст, хонум Клинтон ва нахуствазир Микатӣ ба тавофуқ расидаанд, ки Амрико дар расидагӣ ба террори Виссом Ҳасан ёрӣ расонад.
XS
SM
MD
LG