Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тирандозӣ дар Бейрут-пойтахти Лубнон идома дорад


Бейрут

Бейрут

Шоми рӯзи якшанбе дар Бейрут-пойтахти Лубнон бо истифода аз мусалсал ва норинҷакандоз тирпарронӣ сурат гирифт.

Дар бораи шумораи кушташудагон маълумот дода намешавад. 21 октябр тамоми рӯз вазъ дар Бейрут ноором буд. Баъд аз маросими дафни Виссом Ҳасан-яке аз раҳбарони нируҳои кашфи Лубнон ҷонибдорони вай талош карданд чанд бинои ҳукуматиро ба тасарруфи худ дароранд.

Онҳо истеъфои ҳукуматро тақозо мекарданд. Ин ҳукумат аз гурӯҳи тундрави Ҳизбуллоҳ ва режими Башор Асад дар Сурия ҳимоят мекунад.

Ҷонибдорони мухолифони Лубнон Сурияро муттаҳам кардаанд, ки дар қатли Виссом Ҳасан даст дорад.
XS
SM
MD
LG