Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мулоқоти Карзай бо мақомоти Амрико дар Кобул


Ҳомид Карзай

Ҳомид Карзай

Ҳомид Карзай-раиси ҷумҳури Афғонистон дар Кобул бо Марк Гроссман-фиристодаи вижаи Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико барои Афғонистон ва Покистон мулоқот кард.

Дафтари раёсати ҷумҳурии Афғонистон дар эъломияе гуфтааст, Гроссман рӯзи якшанбе бо Карзай дар бораи боздиди ахири Карзай аз Покистон, музокироти вай бо мақомоти расмии ин кишвар ва дар бораи равандҳои сулҳи Афғонистон сӯҳбат кардааст.

Дар эъломия гуфта мешавад, ки дар ин мулоқот ҳамчунин Доуглас Лют-муовини мушовири амниятии раиси ҷумҳури Амрико, генерал Ҷон Аллен-фармондеҳи нируҳои НАТО ва Амрико дар Афғонистон ва Ҷеймс Каннигам-сафири Амрико дар Афғонистон ширкат доштаанд.
XS
SM
MD
LG