Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Давид Усупашвилӣ раиси парлумони Гурҷистон интихоб шуд


Давид Усупашвилӣ

Давид Усупашвилӣ

Дар иҷлосияи нахустини парлумони нави Гурҷистон Давид Усупашвилӣ раиси парлумон интихоб шуд. Давид Усупашвилӣ раиси ҳизби ҷумҳурихоҳон, ҳизби ворид ба эътилофи “Рӯъёи гурҷӣ” мебошад. Аз номзадии ӯ 88 тан аз вакилон пуштибонӣ карданд. Вакилон аз Ҳизби Ҷунбиши муттаҳидаи миллии раисиҷумҳур Михаил Саакашвилӣ дар раъйдиҳӣ ширкат надоштанд.

Дар натиҷаи интихоботи парлумонии рӯзи 1 октябр эътилофи “Рӯъёи гурҷӣ”, ки ба он миллиардер Бидзина Иванишвилӣ раҳбарӣ мекунад, аз 150 курсии парлумон 85-тояшро соҳиб шудааст. 65 мандати боқимонда дар ихтиёри ҳизби Ҷунбиши муттаҳидаи миллии раисиҷумҳур Михаил Саакашвилӣ қарор дорад. Дигар аҳзоби сиёсӣ ба органи қонунбарори кишвар роҳ наёфтанд.

Дар ҷаласаи нахустин раисиҷумҳур Михаил Саакашвилӣ суханронӣ кард.

Ҳафтаи оянда вакилони парлумон нахуствазири Гурҷистонро интихоб хоҳанд кард. Ба ин мақом номзадии раҳбари Эътилофи “Рӯъёи гурҷӣ” Бидзина Иванишвилӣ пешбарӣ шудааст.
XS
SM
MD
LG