Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Эътирозгарон талош вуруд ба бинои ҳукумати Лубнонро доранд


Нерӯҳои амниятии Лубнон ба хотири пароканда кардани садҳо нафаре, ки мехостанд вориди бинои ҳукумат шаванд, сӯи ҳаво тир андохтанд ва аз гази ашковар истифода бурданд.

Имрӯз ҳазорҳо нафар дар Майдони шуҳадои Бейрут дар маросими видоъ бо генерал Висом Ҳасан, яке аз раҳбарони хадамоти амнияти дохилии Лубнон, ширкат карданд. Ӯ ҳамроҳ бо ҳафт нафари дигар рӯзи ҷумъа бар асари таркиш дар пойтахт ба ҳалокат расид. Дар арафаи маросими дафн дар пойтахти Лубнон чораҳои шадиди амниятӣ андешида шуданд. Ҳадс зада мешуд, ки ин маросим ба намоиши зиддиҳукуматии мухолифин табдил мешавад, зеро раҳбари мухолифини ҳукумат Саъд Ҳарирӣ аз мардум даъват карда буд, ки ба маросими дафн биёянд.

Саъд Ҳарирӣ дар таркиши Бейрут, ки онро Шӯрои амнияти СММ ҳамлаи террористӣ номид, ҳам мақомоти Лубнон ва ҳам Сурияи ҳамсояро муттаҳам кард.
XS
SM
MD
LG