Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Лубнон дар рӯбарӯи боз як бӯҳрон пас аз қатли генерал Висом Ҳасан


Маросими ҷанозаи генерал Висом Ҳасан ба бенизомиҳо дар шаҳри Бейрут печид.

Садҳо нафаре, ки дар маросими ҷаноза дар Майдони шуҳадо ширкат доштанд, баъд аз зӯҳр истеъфои кобинаи вазиронро талаб намуданд ва талош карданд, ки вориди бинои ҳукумат шаванд. Нерӯҳои амниятии Лубнон ба хотири пароканда кардани онҳо сӯи ҳаво тир андохтанд ва аз гази ашковар истифода бурданд.

Рӯзи ҷумъа Висом Ҳасан, яке аз раҳбарони хадамоти амнияти дохилии Лубнон, ҳамроҳ бо ҳафт нафари дигар бар асари таркиш дар майдони Ашрафияи пойтахт ба ҳалокат расид.Дар Ашрафия, ки дар маркази Бейрут ҷойгир аст, асосан насрониҳои сарватманд зиндагӣ мекунанд. Аз таркиш мошинҳову биноҳои майдон оташ гирифтанд, амалиёти наҷотбахшии сокинони мавзеъ то субҳи шанбе идома дошт.

Мақомоти Лубнон ба бенизомиҳо печидани маросимро чашмдор буданд - онҳо барои таъмини амнияти хиёбонҳо ба ҷуз кормандони полис низомиёнро ҳам сафарбар карданд. Аз ин пеш раҳбари мухолифини ҳукумат Саъд Ҳарирӣ аз мардум даъват карда буд, ки ба маросими ҷаноза биёянд. “Ӯ ҷоиза дар сари синаи Бейрут аст, шаҳре, ки дар он мезист ва то нафаси охирин онро ҳимоят кард. Акнун ӯ ҳамроҳ бо Рафиқ Ҳаририи бузург дар Майдони шуҳадо макони охират пайдо мекунад. Аз ҳар як шумо даъват мекунам, ки шахсан биёед ва барои рӯҳи Ҳасан дуо хонед, зеро бо ҳузуратон шумо таъйид хоҳед кард, ки ӯ ифтихори воқеии Лубнон буд”.

Саъд Ҳарирӣ дар таркиши Бейрут, ки онро Шӯрои амнияти СММ ҳамлаи террористӣ номид, ҳам мақомоти Лубнон ва ҳам Сурияи ҳамсояро муттаҳам кард. Мухолифин истеъфои ҳукуматро, ки аз “Ҳизбуллоҳ” – гурӯҳи пуштибон аз раисиҷумҳури Сурия Башор Асад ҳимоят мекунад, талаб намуданд.

Генерал Виссом Ҳасан солҳои ахир чандин шабакаи ҷосусии хориҷиро ошкор кард. Ӯ тафтиши қазияи куштори сиёсатмадори маъруф Рафиқ Ҳарирӣ, падари Саъд Ҳаририро,бар ӯҳда дошт ва бо ҷурми даст доштан дар ин ҳодиса чанд тан аз афроди “Ҳизбуллоҳ” ва вобастагони суриягӣ дар ихтиёри Додгоҳи байнулмилалӣ гузошт. Рафиқ Ҳарирӣ соли 2005 бар асари ҳамин гуна як таркиши мудҳиш ба ҳалокат расида буд.

Дирӯз нахуствазири Лубнон Наҷиб Микотӣ изҳор намуд, ки ба хотири ваҳдати миллӣ барои истеъфо омода аст ва аммо бо тавсияи раисиҷумҳур Мишел Сулаймон тасмимашро бознигарӣ кард. Микотӣ аз нерӯҳои сиёсии кишвар даъват намуд, ки барои бурунрафт аз бӯҳрони феълӣ пушти мизи музокирот нишинанд.
Дар Лубнон мубориза миёни гурӯҳҳои сиёсӣ, ки дар бораи низоъ дар Сурия назари мухталиф доранд, шиддат мегирад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG