Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар таркиш дар Димишқ даҳ нафар ҷон бохтанд


Бар асари таркиш дар маҳаллаи масеҳинишини Димишқ даҳ нафар ба ҳалокат расиданд. Расонаҳои давлатии Сурия хабар доданд, ки мошини ҳомили маводи тарканда дар канори қароргоҳи полис мунфаҷир шудааст.

Имрӯз дар Димишқ раисиҷумҳур Башор Асад ва фиристодаи вижаи СММ ва Ҷомеъаи кишварҳои араб Ахзар Иброҳимӣ музокирот анҷом доданд. Ба навиштаи хабаргузориҳо, дар ин мулоқот пешниҳоди Иброҳимӣ – оташбас миёни нерӯҳои ҳукуматии Сурия ва мухолифини мусаллаҳ дар давраи Ид ал-Адҳо ё Иди Қурбон, баррасӣ шуд. Аз нигоҳи фиристодаи байнулмиллалӣ, ин оташбас метавонад оғози раванди ҳалли сиёсии низоъ дар Сурия гардад, ки бар асари он тайи якуним сол даҳҳо ҳазор нафар кушта шуданд.

Аз ин пеш Ахзар Иброҳимӣ ва вазири умури хориҷии Сурия Валид ал-Муаллим мавзӯъи хатми хушунат, дурнамои музокироти сиёсӣ ва ҷилавгирӣ аз дахолати низомӣ ба умури кишварро баррасӣ карданд. Ал-Муаллим аз пуштибонии бархе кишварҳои ҳамсоя аз ошӯбгарон шикоят кард. Аз ин пеш Димишқ чандин бор Туркия, Арабистони саудӣ ва Қатарро дар кӯмак ба мухолифини мусаллаҳ айбдор карда буд.
XS
SM
MD
LG