Пайвандҳои дастрасӣ

Хабарнигорон ҳалокати Хамис Қаззофиро тайид карданд


Хамис Қаззофӣ

Хамис Қаззофӣ

Бар пояи хабарҳо аз Либия, дар ҷараёни даргириҳо дар шаҳри Бани Валид Хамис Қаззофӣ, яке аз писарони раҳбари пешини кишвар Муаммар Қаззофӣ кушта шудааст.

Яке аз хабарнигорони маҳаллӣ гуфтааст, ки ӯ ҷасади Хамис Қаззофиро бо чашмони худ дидааст. Хабари кушта шудани Хамис Қаззофӣ соли гузашта ҳангоми ошӯбҳо дар Либия низ пахш шуда буд ва аммо тайид нашуданд.

Дар ҳамин ҳол Мусо Иброҳим, сухангӯи собиқи Муаммар Қаззофӣ, иттилоъ дар бораи боздошташ дар шаҳри Тархуни Либияро рад кард. Дар як сабти садоӣ, ки дар Facebook ҷой дода шудааст, Мусо Иброҳим гуфтааст, ки айни ҳол берун аз қаламрави Либия қарор дорад. Аз нигоҳи ӯ мақомот ин гуна иттилоро барқасдона, ба хотири аз ҷиноёти низомиён дар Бани Валид сӯи дигар ҷалб кардани таваҷҷуҳ, пахш мекунанд.
XS
SM
MD
LG