Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сокинони Бейрут бо Висом Ҳасан видоъ мекунанд


Баъд аз таркиш дар Бейрут
Баъд аз таркиш дар Бейрут
Имрӯз дар Бейрут маросими дафни генерал Висом Ҳасан, яке аз раҳбарони хадамоти амнияти дохилии Лубнон, баргузор мешавад. Ӯ ҳамроҳ бо ҳафт нафари дигар рӯзи ҷумъа бар асари таркиш дар майдони Ашрафияи пойтахт ба ҳалокат расид. Раҳбари мухолифини ҳукумат Саъд Ҳарирӣ ва ҳампаймонҳояш аз мардум даъват карданд, ки ба маросими дафн ҳамроҳ шаванд.

Саъд Ҳарирӣ дар таркиши Бейрут, ки онро Шӯрои амнияти СММ ҳамлаи террористӣ номид, мақомоти Сурияи ҳамсояро муттаҳам кард. Мухолифин истеъфои ҳукуматро, ки аз “Ҳизбуллоҳ” – гурӯҳи пуштибон аз раисиҷумҳури Сурия Башор Асад ҳимоят мекунад, талаб намуданд.

Дирӯз нахуствазири Лубнон Наҷиб Микотӣ изҳор намуд, ки ба хотири ваҳдати миллӣ барои истеъфо омода аст ва аммо бо тавсияи раисиҷумҳур Мишел Сулаймон тасмимашро бознигарӣ кард. Микотӣ аз нерӯҳои сиёсии кишвар даъват намуд, ки барои бурунрафт аз бӯҳрони феълӣ пушти мизи музокирот нишинанд.

Дар Лубнон мубориза миёни гурӯҳҳои сиёсӣ, ки дар бораи низоъ дар Сурия назари мухталиф доранд, шиддат мегирад.
XS
SM
MD
LG