Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парлумони нави Гурҷистон ба кор шурӯъ мекунад


Вакилон дар бинои нави парлумон дар Кутаисӣ
Вакилон дар бинои нави парлумон дар Кутаисӣ
Парлумони нави Гурҷистон имрӯз дар шаҳри Кутаисӣ ба кор шурӯъ мекунад. Дар натиҷаи интихоботи парлумонии рӯзи 1 октябр эътилофи “Рӯъёи гурҷӣ”, ки ба он миллиардер Бидзина Иванишвилӣ раҳбарӣ мекунад, аз 150 курсии парлумон 85-тояшро соҳиб шудааст. 65 мандати боқимонда дар ихтиёри ҳизби Ҷунбиши муттаҳидаи миллии раисиҷумҳур Михаил Саакашвилӣ қарор дорад. Дигар аҳзоби сиёсӣ ба органи қонунбарори кишвар роҳ наёфтанд.

Қарор аст, ки дар ҷаласаи нахустин раисиҷумҳур Михаил Саакашвилӣ суханронӣ кунад ва ба думболи он раиси парлумон интихоб шавад. Интизор меравад, ки ин мақомро намояндаи “Рӯъёи гурҷӣ” Давид Усупашвилӣ ишғол кунад.

Ҳафтаи оянда вакилони парлумон нахуствазири Гурҷистонро интихоб хоҳанд кард. Ба ин мақом номзадии раҳбари Эътилофи “Рӯъёи гурҷӣ” Бидзина Иванишвилӣ пешбарӣ шудааст.
XS
SM
MD
LG