Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кохи Сафед: Музокирот бо Эрон тарҳрезӣ нашудааст


Кохи Сафед иттилои нашрияи New York Times дар бораи созиши пешакии Вошингтону Теҳрон барои музокироти дуҷониба оид ба барномаи ҳастаии Эронро рад кард.

Аз ин пеш ин рӯзнома бо такя ба мансабдорони дафтари раисиҷумҳур Барак Обама хабар дода буд, ки Эрон ба музокирот розӣ шудаааст ва аммо фақат баъд аз интихоботи президентии Амрико. Интихобот рӯзи 6 ноябр бо ширкати Барак Обама ва намояндаи Ҳизби ҷумҳурихоҳон Митт Ромнӣ баргузор мешавад.

ИМА аз он нигарон аст, ки Эрон пинҳонӣ силоҳи ҳастаӣ месозад, аммо Теҳрон мегӯяд, ки барномаи ҳастаияш аҳдофи осоишта дорад.
XS
SM
MD
LG