Пайвандҳои дастрасӣ

Аз гаравгонгирӣ дар театри Дубровка 10 сол гузашт


Имрӯз, 23-юми октябр, аз ҳамлаи террористӣ дар театри Дубровкаи пойтахти Русия даҳ сол сипарӣ мешавад.

Даҳ сол қабл, дар таърихи 23-юми октябри соли 2002, ҷангиёни чечен Театри Дубровка дар пойтахти Русияро ба муҳосира гирифтанд. Гурӯҳи ҷангиён бо раҳбарии Мовсар Бараев давоми чаҳор рӯз 900 танро дар гарави худ қарор доданд. Онҳо хостори ихроҷи нерӯҳои русӣ аз қаламрави Чеченистон буданд.

26-уми октябр нерӯҳои вокуниши сареи Хадамоти федеролии амнияти Русия амалиёти озод кардани театрро шурӯъ карданд, ки дар он ҳама террористҳо ва ҳамчунин 130 нафари гаравгонҳо, аз ҷумла, даҳ кӯдак, ба ҳалокат расиданд. Созмонҳои ҷамъиятӣ ва ҳомиёни ҳуқуқи башар борҳо мақомоти Русия ва раисиҷумҳури вақт Владимир Путинро барои он интиқод карданд, ки нерӯҳо ба амалиёт омодагиии ҷиддӣ нагирифта буданд ва бештари гаравгонҳо баъд аз амалиёт, бар асари заҳролудшавӣ аз гази номаълум, ҷон бохтанд. Маскав дар бораи аз кадом газ истифода карданаш то ҳол иттилоъ надодааст.

Аксҳои зер ҳикоят аз он ҳодисаи дарднок мекунанд:


Хонандаи азиз, моро дар шабакаҳои Facebook, Twitter ва Youtube низ ҳамроҳӣ кунед!
XS
SM
MD
LG