Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СММ: «Талафоти афроди мулкӣ дар Афғонистон афзоиш ёфтааст»


Дафтари ҳайати СММ дар Афғонистон, аз афзоиши талафоти афроди мулкӣ дар ин кишвар хабар додаст.

Як сухангӯи UNAMA рӯзи шанбе дар сӯҳбат ба бахши афғонистонии радиои Озодӣ гуфт: "Шумори афроди мулкӣ дар натиҷаи таркишҳои канори роҳӣ дар 9 моҳи соли ҷорӣ назар ба ҳамин давраи соли гузашта 30 дарсад афзоиш ёфтааст."

Тибқи маълумоти ироанамудаи UNAMA, бар асари тиркишҳои канори роҳӣ дар Афғонистон дар 9 моҳи авали соли 2012, садҳо тан ғайри низомиён кушта ва захмӣ шудаанд.

Назифулло Солорзай, сухангӯи ин ниҳод ба Озодӣ дар мавриди шумори дақиқи афроди кушташуда ва захмӣ гуфт: «Ҳудуди 340 фарди мулкӣ дар натиҷаи ин таркишҳо кушта ва 599 тани дигар захмӣ шудаанд.»

Тибқи гузориши дафтари СММ дар Афғонистон, Ҷунбиши Толибон масъули ҷойсозии минаҳои канори роҳӣ мебошанд.

Гузориши дафтари СММ дар Афғонистон дар бораи афзоиши талафоти мулкӣ бар асари таркишҳо дар ҳоле нашр мешавад, ки рӯзи ҷумъаи 19-уми октябр бар асари бархӯрди як автобуси ҳомили афроди мулкӣ бо мина, ҳудуди 20 тан дар ноҳияи Давлатободи вилояти Балх кушта шуданд.

Аз ин қабл низ, манотиқи мухталифи Афғонистон шоҳиди ҳамчунин ҳодисаҳои хунин будаанд.
XS
SM
MD
LG