Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Наҷиб Микотӣ тасмими истеъфоро бознигарӣ кард


Наҷиб Микотӣ
Наҷиб Микотӣ
Наҷиб Микотӣ нахуствазири Лубнон, бо хоҳиши раисиҷумҳур Мишел Сулаймон тасмими истеъфояшро бознигарӣ кард. Ба гуфтаи ӯ, раисиҷумҳур мутмаин аст, ки дар вазъи феълӣ дар мақом боқӣ мондани ӯ ба манфиати кишвар аст. Аз ин пеш ҳукумати Лубнон дар робита ба таркиши рӯзи ҷумъа дар Бейрут нишасти изтирорӣ доир намуд ва дар он нахуствазир барои истеъфо изҳори омодагӣ кард.

Бар асари таркиш дар маркази пойтахти Лубнон 8 нафар, аз ҷумла, генерал Висом Ҳасан, раиси яке аз бахшҳои Хадамоти амнияти дохилии Лубнон, кушта шуда ва тақрибан 80 каси дигар ҷароҳат бардоштаанд. Шӯрои амнияти СММ таркиш дар шаҳри Бейрутро "ҳамлаи террористӣ" унвон кард.

Сиёсатмадорони лубнонии мухолифи режими раисҷумҳури Сурия Башор Асад эълом доштанд, ки дар ин таркиш ҳам Димишқ ва ҳам ҳукумати Лубнон даст дорад.

Ҷонибдорони нахуствазири пешин Саъд Ҳарирӣ рӯзи шанбе дар гирдиҳамоие дар маркази Бейрут хостори истеъфои ҳукумати феълии Лубнон шуданд, ки ба он ҷонибдорони “Ҳизбуллоҳ”, гурӯҳи пуштибон аз режими Башор Асад, шомиланд.
XS
SM
MD
LG