Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти 30 эътирозгар дар Боку


Полиси Озарбойҷон тақрибан 30 нафареро, ки мехостанд дар маркази Боку гирдиҳамоӣ кунанд, боздошт намуд.

Ба навиштаи хабаргузориҳо, даҳ дақиқа баъд аз ҳушдор дар бораи он ки мақомоти шаҳр ба баргузории гирдиҳамоӣ иҷоза надодаанд, кормандони полис ба боздошт шурӯъ карданд.

Эътирозгарон – ҷавонон аз аҳзоби мухолифи ҳукумат - "Мусавват" ва Ҷабҳаи халқӣ бо талаби парокандасозии парлумон ба майдон баромаданд. Аз ин пеш дар интернет сабти видеое нашр шуд, ки дар он як вакил аз ҳизби ҳукмрон ба нафаре дар баҳои 1,3 миллион доллар соҳиби курсии парлумон шуданро кафолат медод.
XS
SM
MD
LG