Пайвандҳои дастрасӣ

"Террори генерал Висом Ҳасан интиқоми Димишқ буд"


Генерал Висом Ҳасан

Генерал Висом Ҳасан

Сиёсатмадорони лубнонии мухолифи режими Башор Асад бовар доранд, ки террори Висом Ҳасан кори дасти Димишқ аст.

Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид таркиш дар шаҳри Бейрут, пойтахти Лубнонро шадидан маҳкум кард. Дар изҳороте, ки онро котиби феълии Шӯрои амният, намояндаи Гватемала дар Созмони Милал Герт Розентал қироат кард, таркиш "ҳамлаи террористӣ" унвон шудааст.

Бар асари ин таркиш, ки баъд аз зӯҳри дирӯз дар майдони Ашрафия рӯй дод, 8 нафар кушта ва тақрибан 80 каси дигар маҷрӯҳ шуданд. Дар Ашрафия, ки дар маркази Бейрут ҷойгир аст, асосан насрониҳои сарватманд зиндагӣ мекунанд. Аз таркиш мошинҳову биноҳои майдон оташ гирифтанд, амалиёти наҷотбахшии сокинони мавзеъ то субҳи шанбе идома дошт. Сокинони маҳаллӣ гуфтанд, ки садои таркиш ҳатто дар маҳаллаҳои дуртарини шаҳр ба гӯш расид.

Коршиносон мегӯянд, ҳадафи аслии ҳамла генерал Висом Ҳасан, раиси яке аз бахшҳои Хадамоти амнияти дохилии Лубнон, буд, ки дар ин таркиш ба ҳалокат расидааст.

Сиёсатмадорони лубнонии мухолифи режими раисҷумҳури Сурия, Башор Асад эълом доштанд, ки дар ин таркиш Димишқ ҳатман даст дорад. Валид Ҷамбулат, раиси ҷамъияти маҳаллии даразиҳо, ки худро бештар “Аҳл-ал-тавҳид” меноманд, ва Саъд Ҳарирӣ, нахуствазири собиқи Лубнон гуфтанд, ки таркиш кори дасти ҳам Димишқ ва ҳам ҳукумати феълии Лубнон аст.

Алиризо Нуризода, коршиноси масоили Ховари Миёна, низ мутмаин аст, ки таркиш аз сӯи душманони генерал Висом Ҳасан дар Лубнону Сурия тарҳрезӣ ва амалӣ шудааст. Ба гуфтаи ӯ, “генерал Висом Ҳасан тайи чанд соли ахир чандин шабакаи ҷосусии вобаста ба Исроилу Сурия дар Лубнонро кашф кард ва охиринаш – боздошти Мишел Самоҳӣ, вазири собиқи лубнонӣ буд, ки бо 26 бомби соатӣ аз Сурия ба Лубнон омада буд ва дар садади он буд, ки касонеро барои мунфаҷир кардани ин бомбҳо алайҳи шахсиятҳои лубнонӣ ва баъзе марказҳои мазҳабӣ пайдо кунад”.

Мусоҳиби мо меафзояд, баъди ба зиндон уфтодани Мишел Самоҳӣ вобастагони Сурия дар ҳукумати Лубнон ҳамлаи шадидеро алайҳи генерал Ҳасан оғоз ва барои барканории ӯ пойфишорӣ карданд. Ҷаноби Нуризода гуфт, генерал Висом Ҳасан медонист, ки дар “феҳристи террор”-и Сурия қарор дорад ва аз ин рӯ аҳли хонаводаашро ба Фаронса бурд ва худаш 48 соат қабл аз таркиш ба Бейрут баргашт.

Алиризо Нуризода меафзояд, генерал Висом Ҳасан тафтиши қазияи куштори сиёсатмадори маъруф, Рафиқ Ҳарирӣ, падари Саъд Ҳаририро,бар ӯҳда дошт ва маҳз бо талошҳои ӯ чанд тан аз афроди “Ҳизбуллоҳ” ва вобастагони суриягӣ дар ихтиёри Додгоҳи байнулмилалӣ гузошт. Ёдовар мешавем, Рафиқ Ҳарирӣ чанд сол пеш бар асари ҳамин гуна як таркиши мудҳиш ба ҳалокат расида буд. Соли гузашта Додгоҳи махсуси тафтиши қатли Ҳарирӣ ному насаби афроди муттаҳам дар марги ин сиёсатмадорро эълом кард, ки ҳар чаҳор нафар узви созмони “Ҳизбуллоҳ” будаанд.

Ба гуфтаи Алиризо Нуризода, қарор буд, ки генерал Виссом Ҳасан ба зудӣ раҳбари Идораи иттилооту амнияти Лубнон таъйин шавад.

Рӯзи шанбе ҳазорон ҷонибдорони Саъд Ҳарирӣ дар гирдиҳамоие дар маркази Бейрут ҳамлаи террористиро маҳкум карданд. Онҳо хостори истеъфои ҳукумати феълии Лубнон шуданд, ки ба он ҷонибдорони “Ҳизбуллоҳ”, гурӯҳи пуштибон аз режими Башор Асад, шомиланд.

Хонандаи азиз, моро дар шабакаҳои Facebook, Twitter ва Youtube низ ҳамроҳӣ кунед!
XS
SM
MD
LG