Пайвандҳои дастрасӣ

Ба қавли масъулони Донишгоҳи исломии Тоҷикистон, теъдоди духтароне, ки имсол шомили ин донишгоҳ шудаанд, дар муқоиса ба солҳои қабл бештар аст.

Самад Сангов, мудири шӯъбаи таълимӣ Донишгоҳи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам, гуфт, танҳо дар соли ҷорӣ ҳудуди сад ҷавондухтар ба шӯъбаи рӯзонаи донишгоҳи онҳо шомил шудаанд. Ӯ илова кард, "дар шӯъбаи ғоибона 10 нафари дигар дохил шуданд, ки дипломи донишгоҳҳои олии кишварро доранд. Онҳо барои дарёфти маълумоти дувум ба донишгоҳи мо омадаанд."

Сабаби таваҷҷӯҳи бештари духтарони тоҷик ба Донишгоҳи исломиро ба гунаҳои мухталиф шарҳ медиҳанд. Баъзеҳо бар ин назаранд, ки фишор болои духтарони ҳиҷобдор дар Донишгоҳҳои олии кишвар сабаб шудааст, то аксарият ба ин муассисаи таълимии динӣ рӯ оранд.

Аммо Комилҷон Саидолимов, ноиби ректори ДИТ оид ба корҳои тарбия, далели дигаре дорад: "Дар замони Шӯравӣ танҳо як факултаи шарқшиносӣ дар Донишгоҳи миллӣ амал мекард, ки дар он забон ва адабиёти арабӣ омӯзиш дода мешуд. Он вақт на ҳама имкони таҳсил дар ин факултаро доштанд. Ҳоло бисёре аз духтарони тоҷик мехоҳанд, ин забонро аз худ кунанд ва ба осори динӣ роҳ ҷӯянду аз ахлоқу арзишҳои инсонӣ огоҳ шаванд. Ин аст, ки ба донишгоҳи исломӣ меоянд."

Даромадгоҳи Донишгоҳи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам

Даромадгоҳи Донишгоҳи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам

Яке аз ҳамсӯҳбатони мо, донишҷӯи Донишгоҳи исломӣ -- Сурайё мегӯяд, омӯзиши забони арабӣ ва фиқҳи исломӣ ӯро ба ин донишгоҳ кашондааст. Вай мегӯяд, "бо хоҳиши худам барои омӯзиши ислом омадам, баъдан дидам, ки дар инҷо ҳам забони арабӣ ва забонҳои дигарро низ меомӯзонанд." Аз Сурайё, ки бо ҳамроҳии дугонааш меистод, пурсидем, пас аз хатми ин донишгоҳ ба куҷо барои фаъолияти корӣ хоҳад рафт. Ӯ дар посух сукутро ихтиёр кард, аммо дугонааш гуфт, агар дар ҳеҷ куҷо ҷои кор пайдо накунад ҳам, ҳадди ақал фарзандони худашро таълиму тарбияи хуб хоҳад дод.

Дар ҳамин ҳол, Ҳоҷӣ Ориф Байзоев, мудири омӯзишгоҳи исломӣ дар Хуҷанд, мегӯяд, дар оғози соли таҳсил ба Вазорати маориф нома ирсол дошта, хоҳиш кардаанд, ки ба хатмкардагони ин омӯзишгоҳ иҷозат диҳанд, то дар донишгоҳ ва омӯзишгоҳҳои дигари Тоҷикистон кор кунанд. Аммо, гуфт ӯ, то ҳол посухе дар ин замина дарёфт нашудааст. Ба қавли Байзоев, масъалаи пайдо кардани ҷои кор барои донишҷӯдухтарони донишгоҳҳои исломӣ як масъалаи ҷиддист.

Ҳумайрои Бахтиёр, рӯзноманигори тоҷик, ки дар ин масъалаҳо гузориш таҳия кардааст, мегӯяд, воқеан ҷои кор пайдо кардан барои донишҷӯдухтарони донишгоҳҳои исломӣ дар Тоҷикистон, хусусан дар идораҳои расмӣ мушкил аст. Зеро, ба қавли ӯ, аксари идораҳо ва ниҳодҳои давлатӣ ҳатто бо ҳиҷоб ворид шудан ба дохили биноро иҷозат намедиҳанд;

Бо ин ҳол, масъулини Донишгоҳи исломии ба номи Имоми Аъзам мегӯянд, донишҷӯён бар иловаи улуми исломӣ забонҳои русӣ, англисӣ ва дар кафедраи экология улуми дақиқ ба мисли математика, физика кимиё ва фанҳои дигари муосирро аз бар мекунанд ва фориғуттаҳсилони донишгоҳ ҳаққи кор дар ҳамаи идораҳои давлатиро доранд.

Хонандаи азиз, моро дар шабакаҳои Facebook, Twitter ва Youtube низ ҳамроҳӣ кунед!

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG