Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Иброҳимӣ бо мухолифини ҳукумати Сурия мулоқот мекунад


Имрӯз дар Димишқ музокироти миёни Ахзар Иброҳимӣ, фиристодаи вижаи СММ ва Ҷомеъаи кишварҳои араб ва Валид ал-Муаллим, вазири умури хориҷии Сурия, баргузор шуд.

Ба навиштаи хабаргузориҳо, дар ин мулоқот пешниҳоди Иброҳимӣ – оташбас миёни нерӯҳои ҳукуматии Сурия ва мухолифини мусаллаҳ дар давраи Ид ал-Адҳо ё Иди Қурбон, баррасӣ шуд. Аз нигоҳи фиристодаи байнулмиллалӣ, ин мусолиҳа метавонад оғози раванди ҳалли сиёсии низоъ дар Сурия гардад, ки бар асари он тайи якуним сол даҳҳо ҳазор нафар кушта шуданд.

Мақомоти Димишқ аз ин пеш гуфтанд, ба ин пешниҳод дар ҳоле розӣ хоҳанд шуд, ки мухолифини мусаллаҳ риояи оташбасро кафолат диҳанд. Қарор аст, ки Ахзар Иброҳимӣ бо раҳбарони мухолифини ҳукумти Димишқ ҳам мулоқот кунад.

Аз ибтикори Ахзар Иброҳимӣ барои оташбас дар рӯзҳои Иди Қурбон ИМА ҳам пуштибонӣ кард.

Қабл аз вуруд ба Димишқ, Иброҳимӣ бо мақомоти Арабистони саудӣ, Туркия, Ироқ, Миср, Лубнон, Урдун ва Эрон - ҳампаймони асосии режими Башор Асад, дидору гуфтугӯ карда буд.
XS
SM
MD
LG